• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

«Шайх Сино» ҳоҷатбарори ҳамагон аст

от user
в Фарматсевтика
0

– Холаҷон, нусхаи шиносномаатонро ақаллан ба мо пешниҳод намоед, то мо доруҳои лозимаи беморатонро ба шумо дастрас кунем. – хоҳиш мекард Икром аз зани тахминан 60-солаи корафтода.

Хола бошад, ҷузвдончаи дасташро тагу рў карда, шиносномаашро меҷуст. Аммо Икром пурсаброна то ёфтани шиноснома интизор шуду баъд аз гирифтани он доруи даркориро ба зан дод. Дар шароити имрўза на ҳар дорухона ба корафто­дагон дору ба қарз медиҳад ва гиламанд шудан аз доруфурўшон ҳам кори дуруст нест. Зеро доруфурўшон ҳам бояд бо маблағи гирифтаашон боз дору харанд.

Икром Ғуломов зодаи шаҳри Кўлоб, хатмкардаи МТМУ рақами 4 ва хатмкардаи факултаи фармасев­тии Коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб аст .

-Ман соли 2002 ба факултаи фарматсевтии КТК дохил шуда, соли 2004 онро бомуваффақи­ят хатм кардам. Зимни таҳсил таҷрибаомўзиамро дар дорухо­наҳои ҶДММ «Шайх Сино» мегу­зарондам. Аз амакам, шодравон Абдуҷаббор нозукиҳои ин касбро омўхта, чизҳои нафаҳмидаамро мепурсидам. Дар таҷриба ва кори фармасевтӣ амакамро устоди худ меҳисобам. Дар омўзишгоҳи тиббӣ бошад, устоди гиромиамон Назир­мад Раҷабов тарзи тайёр кардани дору ва асосҳои назариявии фар­макологиро ба мо меомўзонданд. Аз сабаби дар муҳити кормандони соҳаи фармасевтӣ ба камол раси­дан, то ба коллеҷ дохил шудан бештари кору бори фармасевти­ро ёд гирифта будам. Ба амакаму бародарон ва аҳли оила кумак ме­кардам.Дар оилаи мо 6 нафар дору­созон ҳастанд,– мегўяд, Икром Ғу­ломов, мудири филиали дорухонаи ҶДММ «Шайх Сино», шаҳри Кўлоб.

ҶДММ «Шайх Сино» шаш до­рухона дорад ,ки ҳама дар ҳудуди шаҳри Кўлоб фаъолият мекунанд. Филиалҳои дорухонаҳои ҶДММ «Шайх Сино» дар назди Беморхо­наи вилоятӣ, Беморхонаи вилоятии касалиҳои дил, Беморхонаи каса­лиҳои қанд ва назди бозори мар­казӣ фаъолият доранд. Дафтари асосии кории ҶДММ «Шайх Сино» дар назди бозори Саховати шаҳри Кўлоб мебошад.

Ҳоҷӣ Икром мегўяд, дар ҷое, ки кор аст, ҳамкорӣ аст, маслиҳату роҳбаладӣ аст. “Мо бо намояндаго­ни хадамоти тандурустии минтақа ҳамеша дар ҳамкорӣ буда, аз онҳо маслиҳат мегирем ва фаъолияти худро дар доираи қонунҳои муай­янкарда амалӣ менамоем. Доруҳо ҳамеша тибқи меъёрҳои лозима нигоҳдорӣ шуда, сари вақт рўи­хати доруҳои муҳлаташон тамом мешударо тартиб дода, онро аз му­омилот мегирем. Доруҳои мо асо­сан истеҳсоли давлатҳои Россия, Олмону Ҳиндустон, Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Аврупо мебошанд” мегӯяд Икром.

Агар доруе дар дилхоҳ дору­хонаи шаҳр ва ё минтақаи Кўлоб барои муштариён дастрас нашуд, муштарии ҳоҷатманд дарҳол ба “Шайх Сино” муроҷиат мекунад, зеро имконияти дарёфти доруҳои камёб дар он ҷо бештар аст.Инро аксари муштариён медонанд .Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Икром, онҳо имкони­яти дарҳол ҳал кардани мушкилоти муштариёнро доранд. Доруи кам- ёбро аз шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо барои муштариёни худ ҳатман дарёб мекунанд ва ҳоҷати онҳоро мебароранд..

-Шумораи дорухонаҳо дар тўли 16 соли фаъолияти ҶДММ чанд ка­рат зиёд шуданд, аммо муносибат бо муштарӣ, дуруст сарфаҳм рафта­ни дорухату дуруст онро истифода кардан ва хизмати шоиста намудан ба мардум аз беҳтарин хислатҳои кормандони соҳаи фармасевтии ин даргоҳ мебошад. Зеро онҳо медо­нанд,ки ба дорухона, ба назди до­русоз одами бе мушкилот намеояд, Агар худи ў касал нест, пас нафари наздики ў касал аст. Аз ин рў муо­милаи хуб бо муштарӣ аз ҳама воло аст, то ўро дилшикастатар нагар­донӣ. “ Мо зиёд қарз медиҳем ва худ шоҳиди ҳол шудед, ки чунин ҳолатҳо хеле зиёданд” – мегӯяд Икром Ғуломов ва умедвор аст ки рўзе муштарӣ ҳам қарзу ҳам арзи сипоси худро ба “Шайх Сино” ва до­русозони инсондӯсти он мерасонад.

ҶДММ «Шайх Сино» бо ширка­ти «Дўстифарм» ҳамкорӣ дорад ва онҳо мудом дорухонаҳои ин ҷамъ­иятро бо дору таъмин мекунанд.

“Шайх Сино” инчунин дар бо­раи ояндаи ҷамъият андеша меку­над. Аз ин рӯ, аллакай дар муддати фаъолияти худ Икром Ғуломов на камтар аз 30 шогирд тайёр кар­дааст, ки имрўз мисли ў мушкили корафтодагонро осон мекунанд.

Билоли Шамс, шаҳри Кўлоб

Мақолаи гузашта

ОРТОПЕД: COVID-19 ба устухону буғумҳо низ таъсир мерасонад

Мақолаи навбатӣ

Кўдак асосан аз шири модар ғизо мегирад!

user

user

Мақолаи навбатӣ
Кўдак асосан аз шири модар ғизо мегирад!

Кўдак асосан аз шири модар ғизо мегирад!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Ба орд оҳан андохтан чӣ ҳоҷат?

Ба орд оҳан андохтан чӣ ҳоҷат?

30.07.2026

30.07.2026
Ғадуди сипаршакл:  мушкили пинҳоне, ки ба саломатии занҳо таҳдид мекунад

Ғадуди сипаршакл: мушкили пинҳоне, ки ба саломатии занҳо таҳдид мекунад

28.07.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ