
Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ифтихори 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд.
Мардуми шарифи тоҷик соли равон ҷашни ҳумоюн – 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил хоҳад намуд.
Бунёдкор танҳо миллати солим буда метавонад, аз ин рӯ, месазад, ки дар раванди ҳаракати умумихалқии омодагӣ ба ҷашни хуҷастаи Истиқлол аз рушди соҳаи тиб, аз ҷумла соҳаи дорусозӣ ва дорухонадории кишвар ва дастовардҳои он гуфта бошем, ки пайваста дар талоши ҳифзи саломатии мардуми кишваранд.
Аз ҳамин лиҳоз, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Озмуни ҷумҳуриявиро аз рӯйи се номина эълон менамояд:
1. Беҳтарин истеҳсолкунандаи ватанӣ
2. Беҳтарин фармасевт
3. Беҳтарин табиби оилавӣ
ШАРТҲОИ ОЗМУН
1. Истеҳсолкунандаи ватанӣ бояд бештар аз 15 номгӯй маҳсулот истеҳсол намояд, маҳсулоташ дар дохили кишвар дар фурӯш ва берун аз Тоҷикистон молу маҳсулоти худро барои содирот пешниҳод карда бошад.
2. Фармасевт ё худ дорусоз дорои таҷрибаи бой дар соҳа буда, устоди касби хеш ва соҳиби обрӯву шогирдони зиёд бошад.
3. Беҳтарин табиби оилавӣ он хоҳад шуд, ки дар маҳалла соҳиби обрӯю нуфуз буда, дорои донишу таҷрибаи ғанӣ аст. Новобаста аз вақту соат ба мардум кумаки хешро дареғ надоштааст.
МУКОФОТ:
1. Номинаи “Беҳтарин истеҳсолкунандаи ватанӣ”
Ҷойи 1: ЯХДОН
Ҷойи 2: НОУТБУК
Ҷойи 3: ТЕЛЕВИЗОР
2. Номинаи “Беҳтарин фармасевт”
Ҷойи 1: ЯХДОН
Ҷойи 2: ТЕЛЕФОН
Ҷойи 3: ТЕЛЕВИЗОР
3. Номинаи “Беҳтарин табиби оилавӣ”
Ҷойи 1: ЯХДОН
Ҷойи 2: Мошини ҷомашӯйӣ
Ҷойи 3: ТЕЛЕВИЗОР
Пешниҳод ба озмун: ариза барои иштирок дар озмун, маълумотнома дар бораи ширкати истеҳсолӣ, тарҷумаи ҳол ва маълумотнома дар бораи фаъолияти фармасевт ва табиби оилавӣ.
Суроғаи озмун: шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ, 5, ё ба идораи маҷаллаи «Даво» бо рақамҳои зерин ба телеграмм ва вотсап равон кунед: 00-880-95-59; 98-882-22-90 Ба озмуни Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ.
Озмун моҳи феврал оғоз ёфта, охири августи соли 2026 ҷамъбаст карда мешавад.



