
МУОЛИҶАИ ДОҒҲОИ МАВСИМӢ
-Барои пешгирии доғҳои аллергӣ нўшидани чойи бобуна (ромашка) муфид аст. Он хеле оддӣ омода мешавад. 1 қошуқ гули хушк (ё 1 халтачаи тайёр)-и бобунаро дар 1 истакон оби ҷўшон рехта, 15 дақиқа дам диҳед. Рўзе ду маротиба ҳангоми хўрок ним истаконӣ нўшед.
ТАЪКИД: Истифодаи ин даво барои кӯдакони то 14 — сола танҳо пас аз машварат бо духтур мумкин аст.
-Эҳтимол ҳар кас дар умраш боре бо газна (крапива) рӯ ба рӯ шудааст, ки ҷои “неш” — и ин алафи газанда пас аз муддате доғи сурх пайдо шуда, сахт ба хориш медарояд. Аммо ин алафи сӯзон ғайричашмдошт хосияти комилан муқобил дорад, яъне ба муолиҷаи аллергияи пӯст кӯмак мекунад. Ин аз скополетин ном моддаи баргҳояш аст, ки таъсири антигистаминӣ дорад Барои чун даво истифода бурдан 1 қошуқ ё 1 халтача барги газнаро дар ним истакон оби ҷӯшон рехта, 15 дақиқа дам диҳед ва рӯзе 1 маротиба дар вақти ғизо бинӯшед. Давомнокии табобату пешгирӣ 1 моҳ аст. Аммо истифодаи газна барои одамоне, ки часпакии хун доранд, хатарнок аст.
-Решаи росан (девясил) ё ҷўшобаи баргу пояи онро барои аллергияи ғизоӣ ё доруворӣ, ки дар шакли зукоми пўст ё нейродермит зоҳир мешавад, истифода мебаранд. Ғайр аз таъсири зиддиаллергӣ росан хосияти антисептикӣ низ дорад, ки афзоиши микроорганизмҳои патогениро дар пўсти зарардида кам мекунад. Хусусияти пешобронии он ба зудтар аз бадан хориҷ шудани заҳрҳо ва аллергенҳо ёрӣ мерасонад. Бо ин мақсад 1 қошуқ решаи росанро дар 1 истакон оби ҷўш рехта, 15 дақиқа дам диҳед ва рўзе ду маротиба пеш аз хўрок ним истаконӣ нўшед.
-Решаи ширинбия (солодка) зуҳуроти аллергияро безарар гардонида, нишонаҳои шаро ( крапивниса ) — р о бартараф мекунад. 1 қошуқ решаи онро дар 1 истакон оби ҷӯш рехта, 15 дақиқа дам диҳед. Бояд рӯзе пеш аз хӯрок се маротиба сеякистаконӣ истеъмол кард.
-Аминокислотаҳо ва алкалоидҳои таркиби бўимодарон (тысячелитник) хосияти антигистаминӣ доранд. Ин гиёҳ ба барқароршавии бофтаҳо дар минтақаҳои пўсти аз шаро зарардида мусоидат мекунад. Бо мақсади муолиҷа 1 қошуқ решаи бўйимодаронро дар 1 истакон оби ҷўшон рехта, 15 дақиқа дам диҳед. Дар як рўз се маротиба пеш аз хўрок сеякистакон бинўшед.
ДАВОИ АЛЛЕРГИЯ АЗ ТАЪСИРИ ДОРУҲОИ КИМИЁӢ
-2 қошуқча росани майдашударо ба чойник андохта, аз болояш 2 истакон оби ҷӯш резед. Сипас хокаи решаи гули хайрӣ ва ширинбияро ба ҳамон миқдор илова кунед. Як шабонарӯз дар яхдон гузоред. Рӯзе чор маротиба чорякистаконӣ пеш аз ғизо истеъмол кунед.
-50 гр решаи росан, 30 гр решаи қоқу, 20 гр буттамеваи ноки заминӣ (топинамбур) ва 10 гр бўимодаронро омехта ва 1 қошуқи онро дар як истакон оби ҷўшон андохта, 10 дақиқа дам диҳед. Бо чунин усул рўзе 2- 4 истакон даво тайёр карда, пеш аз ғизо як истаконӣ бинўшед. Давомнокии муолиҷа 1 моҳ аст.
-2 қошуқ решаи майдакардаи карафсро дар 1 истакон оби хунук андохта, 2 соат гузоред. Ин даворо сеякистаконӣ 3 маротиба дар як рӯз 15-20 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол кунед. Давомнокии муолиҷа 2 ҳафта.
МУОЛИҶАИ АЛЛЕРГИЯ АЗ ТАЪСИРИ ЧАНГ
-Шабонгоҳ чор қошуқ чойкаҳаки майдашуда, панҷ қошуқ бўйимодарон, се қошуқ решаи майдакардаи қоқу, ду қошуқ чилбуғум (полевой хвощ), як қошуқ пўпаки ҷуворӣ, як қошуқ бобуна, чор қошуқ хучро омехта, ба зарфе андозед. Сипас аз болояш якуним истакон об рехта, ҷўшонед. Ҷўш омадан замон гирифта, каме хунук кунеду аз дока гузаронед. Ба бонка гирифта, маҳкам кунед ва бо сачоқ печонида, 8 соат гузоред. Ин даворо саҳару бегоҳ нимистаконӣ давоми як моҳ пеш аз хўрок нўшед.
ТАБОБАТИ АЛЛЕРГИЯ АЗ ТАЪСИРИ ГУЛУ ГИЁҲ БА ПЎСТ
Аллергияи дерматологӣ дар шакли зуком ва сурхшавии пӯст, хурӯҷи экзема ва хушкшавии пӯст зоҳир мешавад. Ин вокуниши ҳассосият метавонад аз воситаҳои косметикӣ, хунукӣ, хӯрокворӣ, гулу гиёҳ ва воситаҳои кимиёии рӯзгор бошад.
-Барои тайёр кардани доруи шифобахш ду қошуқ решаи хулон (крушина), як қошуқ решаи коснӣ (цикорий) як қошуқ решаи қоқу, ду қошуқ барги шабдари ботлоқӣ (вахта трёхлистная), ду қошуқ меваи розиёна (фенхел) лозим аст. Ба болои омехтаи онҳо 250 миллилитр оби ҷўш рехта, давоми ним соат ҷўшонед. Рўзе пеш аз хўрок се маротиба сеякистаконӣ истеъмол намоед.
-Курси гиёҳдармонӣ вобаста ба таҳаммулпазирӣ ва таъсири пешбинишуда ба таври инфиродӣ интихоб карда мешавад. Беҳтар аст, ки муолиҷа таҳти назорати духтур бо такя ба тавсияҳои болоӣ гузаронда шавад. Табобати бодгарди гиёҳӣ барои бемор бехатар ва безарар аст. Ягона омиле, ки метавонад боиси афзоиши зуҳуроти аллергия гардад, таҳаммулнопазирии гиёҳҳои истифодашуда мебошад. Аз ин рӯ, агар ҳангоми истеъмоли давои гиёҳӣ ё баъд аз он нишонаҳои нафастангӣ ба амал оянд, ихроҷи моеъ аз бинӣ ё чашм зиёд шавад, бояд табобатро фавран қатъ ва ба духтур муроҷиат кард.
Ҳангоми ҳомиладорӣ гиёҳдармонӣ бояд вобаста ба давраи ҳомиладорӣ ба таври инфиродӣ интихоб шавад. Дар давраи синамаконӣ бо духтур маслиҳат кунед, зеро моддаҳои таркиби гиёҳҳо бо шири сина ба бадани кӯдак ворид мешаванд.
Фароҳамсоз С. Наҷмиддинзода



