• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Ревоҷ-давои сад дард

от user
в Маслиҳатхонаи даво
0

Бо фаро расидани баҳор дар кӯҳистони Тоҷикистон яке аз гиёҳҳои серистеъмол ва шифобахш — ревоҷ, ки миёни мардум бо номи чукрӣ машҳур аст, мерӯяд. Ин гиёҳи хӯрданбоб на танҳо маззаи хос дорад, балки дорои хислатҳои зиёди табобатӣ низ мебошад. Тибқи маълумоти «Энсиклопедияи тиббӣ», дар таркиби ревоҷ витамини С, қанд, кислотаҳои органикӣ (ҷавҳари лимӯ, себ ва оксалат), инчунин намакҳои калий (К), калсий (Са), фосфор (Р) ва магний (Mg) мавҷуданд. Ин таркиб ба он хосияти қавии тақвиятбахшӣ мебахшад.

Хислатҳои шифобахш ревоҷ: моддаҳои ғафсгаштаи баданро пароканда мекунад; кори меъда, ҷигар ва узвҳои гарммизоҷи даруни шикам ва синаро қавӣ мегардонад; иштиҳоро мекушояд ва ташнагиро мешиканад; шиддати ҷӯшиши сафроро паст мекунад; қайи сафровӣ ва беҳузур шудани дилро қатъ месозад; фишори баланди хунро паст менамояд; хуни сафровиро соф мекунад; табҳои гарм ва сафровиро дафъ месозад. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки истеъмоли бардавоми он ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат карда, аз пайдоиши пучак ва чиртакҳо пешгирӣ менамояд.

Дар Тибет ревоҷро давои иллати меъдаву рӯда медонанд ва аз он мураббо, шарбат ва кисел омода мекунанд. Ҳакими бузург Абуалӣ ибни Сино (Авиценна) низ чукриро барои муолиҷаи диққи нафас, заъфи ҷигар, дарди меъда, исҳоли хунин, бемориҳои гурда ва пешобдон истифода мебурд.

Агар талқони ревоҷро бо решаи чоқула якҷо бихӯранд, барои бемориҳои роҳи нафас — аз ҷумла сурфа, зиқ-ун-нафас ва гирифтагии овоз — муфид шумурда мешавад. Бо шароби себ истеъмол карданаш барои сустии мушакҳо ва асаб тавсия мегардад. Бо оби гарм нӯшиданаш бошад, оруғ (аз ҷумла турш), дарди рӯда ва баъзе ҳолатҳои ҷурраро сабук мекунад.

Имрӯзҳо дар тибби муосир хока (0,1–0,3 г), шарбат ва қиёми спиртии решаи ревоҷ ҳамчун воситаи исҳоловар ва тақвиятбахши кори рӯда истифода мешавад. Миқдори яккаратаи решаи ревоҷ дар як рӯз аз 4,5 то 7 граммро ташкил медиҳад. Дар бемориҳои меъда ва ҷигар метавон ба ҷойи он гули сурхро баробари якуним вазни ревоҷ истифода бурд.

Бо вуҷуди фоидаҳои зиёд, истеъмоли ревоҷ бояд боэҳтиёт ва мувофиқи меъёр бошад. Аз ҳад зиёд истеъмол кардан метавонад боиси нохушиҳои меъдаву рӯда гардад. Пеш аз истифодаи табобатӣ машварати табиб тавсия дода мешавад.

 

Мақолаи гузашта

Аз неъматҳои баҳорӣ лаззат баред!

Мақолаи навбатӣ

Ҷигар ва бемориҳои он

user

user

Мақолаи навбатӣ
Ҷигар ва бемориҳои он

Ҷигар ва бемориҳои он

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Табобат ва назорат аз рӯйи қонун мебояд

Табобат ва назорат аз рӯйи қонун мебояд

13.04.2026
50 сол дар роҳи шифо

50 сол дар роҳи шифо

10.04.2026
Ба овозаҳо бовар накунед: шарҳи расмӣ оид ба истифодаи “Албендазол”

Ба овозаҳо бовар накунед: шарҳи расмӣ оид ба истифодаи “Албендазол”

09.04.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ