• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Аз неъматҳои баҳорӣ лаззат баред!

от user
в Ғизои солим
0

Бо фарорасии баҳор табиати диёрамон на танҳо сарсабзу гулпӯш, балки дастурхони мардуми мо аз неъматҳои “арӯси сол” пурфайз мегардад.

Нахустин ва серистеъмолтарин неъмати баҳор пудина аст, ки кадбонуҳо аз он самбӯса, манту, гандумкучча, мастоба ва ялама мепазанд.Он дорои витаминҳои C, D ва A, инчунин микроэлементҳо — калтсий, магний, калий, фосфор, оҳан мебошад. Бо ин таркиб, растанӣ дорои хосиятҳои муфид буда, барои ба эътидол овардани ҳозима, мубориза бо бӯи даҳон, ба эътидол овардани кайфият ва паст кардани сатҳи стресс мусоидат мекунад.

Аммо, сарфи назар аз бартариҳои зиёд, баъзе маҳдудиятҳо барои хӯрдани пудинаи тару тоза мавҷуданд. Дар байни онҳо аллергияи пӯст, илтиҳоб ва бемории рефлюкси гастроэзофагеалӣ. Дар одамоне, ки чунин ташхис доранд, истеъмоли пудинаи тару тоза метавонад нишонаҳоро шадидтар кунад ва ба зардаҷӯшии шадид оварда расонад.

Пудина дорои маҷмӯи беназири пайвастагиҳои фитохимиявӣ мебошад. Моддаи асосии фаъол, ки бисёр хосиятҳои онро муайян мекунад, ментол мебошад. Ғайр аз он, флавоноидҳо, кислотаҳои фенолӣ ва танинҳо дар таркиби он мавҷуданд. Маҳз ин маҷмаа барои он таъсироти биологие, ки дар таҳқиқот мушоҳида мешаванд, масъул аст. Бӯи пудина(наъно) ва ментол метавонад ба системаи асаб таъсири мӯътадили истироҳатӣ дошта, ба паст шудани шиддати асаб мусоидат кунад. Ин таъсир аксар вақт дар ароматерапия истифода мешавад.

Исфаноҷ (испалок, шпинат) низ ба туфайли консентратсияи баланди маводи ғизоияш миёни мардуми мо шӯҳрат пайдо кардааст. Афзалияти асосии он сарвати витаминҳо, минералҳо ва фитонутриентҳо мебошад, ки ба организм таъсири пурқуввати солимгардонӣ мерасонанд.

Дар таркиби исфаноҷ витаминҳои А, С, Е ва К, ки барои биниш, масуният ва устувории бофтаи устухонҳо муҳиманд, зиёд дучор меояд.Исфаноҷ инчунин аз антиоксидантҳо, ки ҳуҷайраҳоро аз зарари радикалҳои озод муҳофизат мекунанд, калтсий, ки барои дандонҳо ва устухонҳо муҳим аст, нахи парҳезӣ, ки кори рӯдаҳоро ба эътидол меорад, бой аст.

Исфаноҷ ба дил таъсири мусбат мерасонад, қанди хунро паст мекунад ва иммунитетро баланд мебардорад. Дохил кардани исфаноҷ ба хӯрок метавонад саломатӣ ва сифати зиндагиро беҳтар созад.

Яке аз дастрастарин гиёҳҳои баҳорӣ шулха аст, ки он анбори витаминҳо ва микроэлементҳо мебошад.Дар таркиби он витамини С, витаминҳои B (B1, B2, B5, B6), каротиноидҳо (провитамини А), витамини К, калий, калтсий, магний, фосфор, оҳан, манган, кислотаҳои органикӣ (оксал, лимӯ, себ), нахи набототӣ, равғанҳои эфирӣ ва флавоноидҳо хеле зиёд аст.Аз ин рӯ дар ғизоҳои баҳорӣ ҳамроҳ кардани шулха барои мубориза бо гиповитаминози мавсимӣ заруранд.Витаминҳои C ва A, каротиноидҳо бо фишори оксидитивӣ самаранок мубориза мебаранд ва равандҳои пиршавии ҳуҷайраҳоро суст мекунанд.истеъмоли шулха фаъолияти узвҳои ҳозимаро низ беҳтар мекунад.Шулха таъсири зидди илтиҳобӣ дошта, фитонсидҳои табиӣ ба коҳиши равандҳои илтиҳобии бадан мусоидат менамоянд.Калий ва магний фишори хун,  калтсий ва витамини К бошанд, лахташавии хунро ба эътидол меоранд.

Дар тибби халқӣ, шулха ва решаи он барои табобати бемориҳои пӯст ва муолиҷаи захмҳо, истифода мешавад.Нахи набототии шулха ба хориҷ кардани чарбҳо аз бадан кӯмак мекунад.

Яке аз болаззаттарин ғизоҳои баҳорӣ шӯлаи сиёҳалаф ба шумор меравад.Ин хӯроки сабук ба нигоҳ доштани саломатӣ ва таъмини ҷисм бо витаминҳои зарурӣ мусоидат мекунад, дар тӯли сол иммунитетро нигоҳ медорад.

Аз сабаби миқдори зиёди йод доштан, сиёхалаф ҳангоми пухтупаз ба хӯрок ранги ғайриоддии гулобӣ медиҳад. Аммо муҳимтар аз ҳама, дар ин гиёҳ витаминҳо ва моддаҳои муфид зиёданд. Сиёҳалаф аз намакҳои минералӣ, равғанҳои эфирӣ, крахмал ва карбогидрат бой аст.Барои тайёр кардани шӯлаи сиёҳалаф вақт ва маҳсулоти зиёд лозим нест. Ба оби ҷӯшони намакин каме биринҷ андохтан кифоя аст ва онро ба дег андохта, сиёҳалафи резашударо ба дег мерезед. Пас аз 5-10 дақиқа ҳамаи хоҳишмандонро ба дастурхон даъват кардан мумкин аст. Бале, муҳимтар аз ҳама, ба шӯлаи сиёҳалаф чакка ё ҷурғоти ғафси оддӣ илова кардан лозим аст.Набояд фаромӯш кард, ки  дар ҷумҳурии мо на дар ҳама минтақаҳо сиёҳалаф мерӯяд. Ба ин минтақаҳо якчанд ноҳияҳои вилояти Суғд ва ВМКБ дохил мешаванд, аз ин рӯ дар ин минтақаҳо на ҳама аз таъми гуворои сиёҳалаф огоҳанд.

Бинобар ин, фурсатро ғанимат шумурда, аз неъматҳои баҳор баҳра бигиред.

Фароҳамсоз С. Суннатӣ

 

 

Мақолаи гузашта

10 бемории хеле камёфт дар ҷаҳон

Мақолаи навбатӣ

Ревоҷ-давои сад дард

user

user

Мақолаи навбатӣ
Ревоҷ-давои сад дард

Ревоҷ-давои сад дард

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Табобат ва назорат аз рӯйи қонун мебояд

Табобат ва назорат аз рӯйи қонун мебояд

13.04.2026
50 сол дар роҳи шифо

50 сол дар роҳи шифо

10.04.2026
Ба овозаҳо бовар накунед: шарҳи расмӣ оид ба истифодаи “Албендазол”

Ба овозаҳо бовар накунед: шарҳи расмӣ оид ба истифодаи “Албендазол”

09.04.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ