
Хуршед МИРАКОВ, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ хусусиятҳои ин бемориро, ки 10 дарсади аҳолии дунёро мубтало кардааст, шарҳ медиҳад.
Аксарияти мо дар гурда санг дорем, вале яке то охири умр аз он хабар намеёбад, дигаре онро бо табобат майда карда мерезонад, саввумӣ чандин маротиба ҷарроҳӣ мешавад. Дар маҷмуъ, мардуми моро “сангдор” метавон гуфт, зеро теъдоди бемории гурда дар кишварамон хеле зиёд аст. Доктори муҳтарам, ҳамин гуфтаҳо то чӣ андоза дуруст аст?
— Ин ҳақиқати талхест, ки ҷои гурез надорад. Тоҷикистон, воқеан, аз ҷиҳати бемории санги гурда минтақаи эндемикӣ маҳсуб меёбад, яъне гирифторӣ ба он ниҳоят бисёр аст. Айнан чунин ҳолат дар мамолики Арабистони Саудӣ, Белгия, Лаҳистон, Олмон, Британия ва Сингапур низ мушоҳида мешавад. Сабаб чист? Пеш ва беш аз ҳама, иқлимамон ба он мусоидат мекунад. Худи беморӣ бошад, ду омили пайдоиш дорад: экзогенӣ ва эндогенӣ. Якумӣ ин таъсири муҳити атроф, дуввумӣ — худи организм. Яъне ҳавое, ки нафас мекашем, обе, ки менӯшем, ғизое, ки мехурем, хоке, ки дорем.
Албатта, аксарияти олимони тоҷик тадқиқоти илмӣ бурда, ин масъаларо баррасӣ намудаанд. Масалан, урологи барҷастаи тоҷик, устоди арҷмандамон шодравон Аслиддин Осимӣ пайдоиши санги роҳи пешобро дар шароити Хоҷа Обигарм чандин сол омӯхта буданд.
Инчунин, директори Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ, номзади илмҳои тиб Неъматулло Ибодов оид ба бемории санги пешоб дар шароити ноҳияҳои Мастчоҳи Кӯҳӣ, Айнӣ ва Панҷакент тадқиқоти зиёд ва назаррас гузаронидаанд. Яъне доир ба чӣ гуна будану шудани ин беморӣ мо маълумоти зиёди илмӣ дорем. Имрӯз бо технология ва усулҳои муосир ташхису ҷарроҳию муолиҷа кардани онҳо ва махсусан, пешгирияшон ба мадди аввал баромадааст.
— Хуршед Маҳмадович, Шумо беш аз чоряк аср собиқаи корӣ доред, табиби варзидаед. Дар асоси мушоҳидаҳоятон бигўед, ки кадом намудҳои бемориҳои музмини гурда бештар паҳн аст.
— Намудҳои бемориҳои музмини гурда хеле бисёр мебошанд, аммо дар ин миён ба чанди онҳо бештар гирифтор гардида, муроҷиат мекунанд. Аз ҷумла ба:
— Пиелонефрит — илтиҳоби гурда аз сирояти бактерия;
— Систит — илтиҳоби масона;
— Бемории санги гурда — таҳшиншавии минералҳою намак дар роҳҳои пешобгузар;
— Заъфи музмини гурда — тадриҷан мафъулшавии он;
— Поликистози гурда — ин нуқсони модарзодӣ буда, зимни он дар лаҳмии гурда кистаҳо пайдо мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҳангоми бемории поликистози гурда дар гурдаҳо обилаҳои сершумори моеъдор пайдо мешаванд, ки тадриҷан калон шуда, ҷойи бофтаҳои солимро мегиранд ва фаъолияти муътадили узвро бозмедоранд. Ҳар кадом киста то 5-6 сантиметр ва зиёд аз он шуда метавонад. Сабаби ин инҳироф ирсӣ мебошад. Ягона илоҷ бо тариқи ҷарроҳӣ гурдаро аз носурҳо озод кардан мебошад. Пас аз ин одам ягон даҳ сол азобро фаромӯш кунад ҳам, ниҳоят мубталои бемории музмини гурда мешавад.
— Ҳар дард аломати маризии муайянест. Бемориҳои гурда низ нишонаҳои хос доранд?
— Бале. Чанд аломати асосии онҳоро номбар мекунам: дардҳои кунд ва халамонанди мавқеи камар ва роҳҳои пешобрав; баландшавии ҳарорати бадан бо хунуксармоӣ, бештар дар нимаи дуюми рӯз; тағйири ранг ва хунпешобӣ; пешобкунии аз ҳад зиёд ё кам; хастагӣ ва беҳолии доимӣ.
Бо пайдо шудани ин аломатҳо бояд ҳатман ба духтури уролог муроҷиат намуд Бо пешрафти илми урологӣ, технология ва усулҳои ташхис ҷарроҳию муолиҷа торафт хубтар шуда истодааст. Яъне бемор ҳарчи камтар азоб кашида, зудтар шифо меёбад.
-Дар маркази шумо дар ин ҷараён аз кадом дастгоҳу асбобҳои муосир истифода бурда мешавад, Хуршед Маҳмадович?
— Воқеан, урологияи имрӯзаро бо урологияи 10-15 соли пеш қиёс кардан душвор аст, пеш аз ҳама, бинобар пешрафти техникӣ. Ҳоло мо дар ташхису ҷарроҳӣ ба таври густурда аз моделҳои охирини дастгоҳҳои ултрасадо, рентгени рақамӣ, томографияи компютерӣ, томографияи компютерии мултиспиралӣ, дастгоҳҳои эндоскопӣ, лазерӣ ва ғайра истифода мекунем. Як мисол меорам, ки амали муқаррарӣ шудаст. Ҳангоми ҷарроҳии гурда ба ҷойи чоки калон бо як сурохӣ ба он дастгоҳи эндоскопӣ бо камера ворид карда, сангҳоро майда карда мебарорем.
Албатта, таҷҳизоти замонавӣ муҳим аст. Лекин чӣ тавре мегӯянд, корро корд мекунад, на ғилоф. Яъне натиҷаи ҳама гуна ҷарроҳию табобат, пеш аз ҳама, аз касбияти баланди ҷарроҳон ва дигар мутахассисон вобаста аст. Хушбахтона, дар масъалаи кадрҳои баландихтисос мушкиле надорем. Онҳо қодиранд мураккабтарин ҷарроҳиро гузаронанд.
— Ҳамасола панҷшанбеи дуюми моҳи март Рўзи ҷаҳонии гурда таҷлил мегардад. Ҳадаф аз он сараввал пешгирӣ ва кам кардани бемории гурда мебошад. Дар ин иртибот тавсияи Шумо, ҳамчун мутахассиси ҳирфаӣ чӣ гуна хоҳад буд?
— Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки гурда аз муҳимтарин узви организм буда, бо пешоб маҳсули мубодилаи моддаҳо ва ҷисмҳои бегонаро хориҷ месозад, мубодилаи обу намак ва мувозанати кислотаю ишқорҳоро дар организм, фишори мӯътадилро дар хун таъмин мекунад. Нафаре, ки ба дарки ҳамин маънӣ расид, ҳатман гурдаашро низ эҳтиёт менамояд, дар маҷмуъ организмашро, зеро зиндагӣ бо ҷисми солим гуворост.
Мусоҳиб
Н. ШАМСИДДИН, “Даво



