• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Сактаи «хомӯш»-и дил

от user
в Бемориҳои дилу рагҳо
0

Чаро ба он бештар беморони диабети қанд мубтало мешаванд?

Бемориҳои низоми дилу рагҳо яке аз сабабҳои асосии марг дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, то 40 дарсади шумораи умумии фавтидагонро ташкил медиҳанд. Дар сархати онҳо касалии ишемии дил қарор дорад, ки дар бештари ҳолат сактаи қалбӣ (инфаркт) ё марги ногаҳонии қалбӣ унвон мекунанд. Яке аз намудҳои хавфноктарини бемории ишемӣ сактаи бедарди (хомўши) миокард мебошад.

Ҷиҳати хоси он набудани эҳсоси дарду сӯзиш дар қафаси сина ба шумор меравад. Ба он аксар вақт беморони диабети қанд мубтало мегарданд. Аснои хурўҷаш, маъмулан, дар худ заъфи ногаҳонӣ, сарчархӣ, нафастангӣ, дилбеҳезурӣ ва арақи сардро эҳсос менамоянд ва ба пиндорашон ин ҳама аз ҳисоби диабети қанд аст. Яке аз сабабҳои асосии набудани дард ҳангоми сактаи миокард ин нейропатияи диабетӣ (кундшавии эҳсоси дард) мебошад, ки ҳангоми муддати дароз дар сатҳи баланд ва ноустувор боқӣ мондани қанди хун ба вуҷуд меояд. Хавфи сактаи бедарди миокард дар он аст, ки осеби ҷиддии мушакҳои дил, пайдошавии аневризмаи меъдачаи чапи дил ва паст шудани қувваи кашишхӯрии дил ба вуҷуд омада, ҳатто то марги ногаҳонӣ метавонад, оварда расонад.

Ташхиси сактаи бедарди миокард чун ташхиси дигар намудҳои бемории ишемии дил сурат мегирад.

УСУЛҲОИ АСОСИИ ТАШХИС:

  1. Электрокардиография
  2. Эхокардиография
  3. Тредмил – тест (агар ба бемор манъ набошад)
  4. КТ – ангиографияи шараёнҳои коронарӣ
  5. Коронарография

ТАШХИСҲОИ ИЛОВАГӢ:

  1. Томоссинтиграфияи перфузионӣ
  2. Вентрикулографияи радиоизотопӣ

ТАШХИСИ ЛАБОРАТОРӢ:

  1. Тропонин I
  2. КФК-МВ (Креатинфосфокина-за – МВ).

Табобат вобаста ба ҳолати клиникии бемор ва натиҷаи ташхисоту озмоишҳо гузаронида шуда, ба ҳар кадом ба таври инфиродӣ ба роҳ монда мешавад. Дар бештари ҳолат дар нафароне, ки гирифтори диабети қанд ҳастанд, тангиҳои шараёнҳои коронарӣ бисёрмавзеӣ ва паҳнгашта мебошанд.

Дар сурати 65-80 дарсад тангшавии шараёнҳои коронарӣ ба беморон ҷарроҳии шунткунии аортокоронарӣ ва ё стентгузорӣ тавсия мегардад. Баъзан дар ҳолатҳои ҷой доштани тангиҳои зиёд дар қисми дисталии шараёнҳои коронарӣ ба маризон табобати доруворӣ тавсия дода мешавад.

Дар мавриди тангиҳои зиёд дар қисми дисталии шараёнҳои коронарӣ бошад, табобат бо доруворӣ илоҷи кор аст.

БАРОИ ПЕШГИРИИ САКТАИ ХОМЎШИ ДИЛ МУҲИМ АСТ:

  1. Ба миқдори муътадил нигоҳдоштани қанди хун
  2. Назорати доимии сатҳи холестерин ва триглисеридҳо
  3. Ба ҳадди меъёр будани фишори шараёнӣ
  4. Истеъмоли доруворӣ дар вақти таъиншуда
  5. Парҳез кардан
  6. Ҳар шаш моҳ ЭКГ карда, аз муоинаи кардиолог гузаштан.

Ин тадбирҳои муҳим имкони ворастан аз хавфи мубталошавӣ ба сактаи бедарди дилро хеле зиёд мекунанд. Барои ҳамин онҳоро сарфи назар насозед.

Дар хотир бояд дошт: бедард, вале бераҳм аст, сактаи хомӯши дил!

Маҳмадзабур ҚОСИМОВ,

кардиоҷарроҳи Бемористони Ибни Сино

Мақолаи гузашта

Тоҷикистон дар Иҷлосияи 79-уми СУТ мавқеи худро муаррифӣ кард

Мақолаи навбатӣ

Ҷоизаи байналмилалии ба номи Сино таъсис ёфт

user

user

Мақолаи навбатӣ
Ҷоизаи байналмилалии ба номи Сино таъсис ёфт

Ҷоизаи байналмилалии ба номи Сино таъсис ёфт

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

5 бемории кӯдакон дар тобистон ва илоҷи он

5 бемории кӯдакон дар тобистон ва илоҷи он

10.07.2026
Маркази солимгардонии  «Соҳили Унҷӣ» ифтитоҳ ёфт

Маркази солимгардонии «Соҳили Унҷӣ» ифтитоҳ ёфт

08.07.2026
Фаъолияти шашмоҳаи Вазорати тандурустӣ натиҷагирӣ шуд

Фаъолияти шашмоҳаи Вазорати тандурустӣ натиҷагирӣ шуд

08.07.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ