
23 май фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ба тасвиб расид.
Тибқи маълумоти Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, ҳамзамон фонди ин ҷоизаи байналмилалӣ ташкил мешавад. Дар шарҳи фармони Сарвари давлат омадааст, ки ин ҷоиза ба хотири арҷгузорӣ ба саҳми мондагори Абуалӣ ибни Сино дар тибби ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст. Иқдоми мазкур ба ҳавасмандсозии олимони соҳаи тиб на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ равона гардида, бори дигар аз таърихи деринаи илми тибби тоҷик шаҳодат медиҳад ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ва беҳдошти байналмилалӣ саҳми бориз мегузорад.
Бо Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абуалӣ ибни Сино нафароне сарфароз гардонда мешаванд, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гирифтаанд.



