• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

от user
в Фарматсевтика
0

ДОРУҲОИ БАЛАНДСИФАТ — КАФОЛАТИ САЛОМАТИИ ШУМО

“СИФАТ ФАРМА” — ДОРУХОНАИ ЗАМОНАВИИ АСРИ 21

 Мусоҳибаи ихтисосӣ бо мутахассисони дорусози ширкати ҶДММ “Сифат Фарма” Зумрад Мамадярова ва Шабнам Саъдуллоева

 Дорухонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сифат Фарма” аз камтарин дорухонаҳои замонавӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мебошад, ки соли 2017 ба фаъолият оғоз намуд. Бо вуҷуди он ки аз таъсиси дорухона вақти зиёд нагузашта­аст, он дар байни аҳолӣ яке аз дорухонаҳои қобили эътимод дониста мешавад. Имрӯз ин ширкати пешрафта ба шабакаҳои васеи дорухонаҳои мутамарказ ва инноватсионии бозори дорусозии Тоҷикистон пайваст мебошад. То имрӯз дорухонаи “Сифат Фарма” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 20 дорухона дорад, ки дар онҳо 150 нафар мутахассисони таҷрибадор ба мардум хидмат мекунанд.

 — Ширкати ҶДММ “Сифат Фарма” кай ташкил шуд ва чанд сол боз дар соҳаи дорусозӣ фаъолият дорад?

Зумрад Мамадярова: Ширкати ҶДММ “Сифат Фарма” 25 — уми сентябри соли 2017 ташкил шуда, зиёда аз 7 сол боз дар соҳаи дорусозӣ фаъолият дорад.

Дорухонаҳои “Сифат Фарма” бо таҷҳизоти муосир, аз қабили компютер, кондисионер, ҷевонҳои махсус, яхдон, мошини на­зоратӣ — хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва камераҳои назоратӣ таъмин мебошанд.

— Дорухона бо кадом кишварҳо ҳамкорӣ дорад?

Шабнам Саъдуллоева: Ширкати “Сифат Фарма” бо бисёр давлатҳои ҳамсояву дуру наздик ҳамкорӣ дорад. Аз он ҷумла, бо кишварҳои Олмон, Фаронса, Австрия, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Белоруссия, Украина, Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.

— Дорухонаҳои “Сифат Фарма” бидуни дорухати духтурон ба беморон дору медиҳад?

Зумрад Мамадярова: На. Асосан, доруворӣ ба шахси бемор бо маслиҳати табибон тавсия дода мешавад ва табиб истифодаи онро барои бемор дар дорухат менависад. Ба харидорон гуфтаниям, ки кӯшиш намоянд, бо дорухат ба дорухона муроҷиат намоянд ва ҳатман санаи истеҳсол ва мӯҳлати истеъмо­ли доруҳоро аз назар гузаронанд. Дар мавриди бо до­рухат ба харидорон пешниҳод наму­дани доруворӣ таъкид карданиям, ки бояд аксари доруҳо ҳатман бо дорухати табиб фурӯхта шаванд. Доруҳое, ки бидуни дорухат харида мешаванд, ҳатман пеш аз истифода бо дастурамали онҳо шинос бояд шуд.

— Нисбати доруҳои муҳлатгузашта чӣ корҳоро анҷом медиҳед?

Шабнам Саъдуллоева: Яке аз масъалаҳое, ки дар дорухонаҳои мо ба он аҳамияти ҷиддӣ зоҳир ме­намоянд, ин ба фурӯш гузоштани доруҳои босифат мебошад. Мо ҳан­гоми ба фурӯш гузоштани доруҳо диққати махсус медиҳем ва кӯшиш менамоем, ки доруҳои пастсифат ва мӯҳлати истеҳсолашон гузаштаро ба мардум пешниҳод нанамоем. Дар ҳамаи дорухонаҳои мо се моҳ пеш рӯйхати доруҳои мӯҳлати истифодаашон ба поёнрасӣ наздикшударо ба қайд гирифта, месӯзонанд.

— Нигаҳдошти доруҳо дар ширкат чӣ гуна аст?

Зумрад Мамадярова: Нигаҳдории доруҳои ҳар як дорухонаҳои “Сифат Фарма” ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқат мекунад. Мо, мутахассисон барои ин аз директори ширкат бисёр миннатдор ҳастем.

— Сатҳи дониши мутахассисон чӣ гуна аст?

Шабнам Саъдуллоева: Фикр мекунам, сатҳи дониши мутахассисони ширкат дар сатҳи олӣ мебошад. Барои он, ки пеш аз ҳар як мутахассисро ба кор қабул намудан, дониши онҳоро санҷида, баъд ба кор қабул менамоем. Ҳар як мутахассис дар вақти фаъолияти худ дар ширкат дар як сол ду маротиба имтиҳон месупорад.

— Муносибати мутахассисон бо муштариён чӣ хел аст?

Зумрад Мамадярова: Бояд муносибати ҳар як мутахассис бо мизоҷон дар сатҳи баланд бошад, чунки мо пеш аз ҳама духтур ҳастем. Ба дорухона одамҳои бемор мебиёянд. Ҳолатҳое мешавад, ки бисёр асабӣ шуда медароянд. Лекин мо бо суханҳои нек ҳама вақт мизоҷонро ором мекунем. Бисёр мизоҷон аз шаҳру ноҳияҳои дур меоянд, мо ба онҳо чой ва қаҳва мекунем, то ки аввал асабашонро ором кунанд, дам гиранд. Мекӯшем, ки ҳар як муштарии “Сифат Фарма” — ро тавассути мутахассисони соҳибихтисос бо маҳсулоти тиббӣ ва доруҳои баландсифат таъмин намоем.

— Доруҳое, ки шумо доред аз ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд?

Шабнам Саъдуллоева: Ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳои дорухонаҳои “Сифат Фарма” тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиб дароварда шудааст. Доруҳое, ки мо дорем албатта аз рӯи ҳуҷҷатгузорӣ ба талабот ҷавобгӯ мебошанд ва ҳар як номгӯи дору бо сертификат мутобиқ гардонида шудааст. Чунки қариб ҳама намуди доруҳоро ширкат аз дигар давлатҳо ба Тоҷикистон ворид мекунад. Аз ин рӯ ҳамаи дорувориҳо бо сифати баланд мебошанд.

— Дар охир ба ҳамкасбону дорухарон чӣ гуфтанӣ ҳастед?

Зумрад Мамадярова: Ҳоло дорухонаҳо бениҳоят зиёд шудаанд ва мо кӯшиш мекунем, ки бо онҳо рақобати со­лимро ба роҳ монем. Солҳои охир теъдоди дорухонаҳо ва нуқтаҳои доруфурӯшӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври бесобиқа афзоиш ёфтанд. Як бартарии дору­хонаи мо дар он аст, ки мизоҷон до­руҳои лозимаро фармоиш медиҳанд ва дар вақти муайяншуда дастрас мекунанд. До­рухонаҳои “Сифат Фарма” дар кишварамон кӯшиш менамояд, ки хидмати холисона, муомилаи нек, муносибати хуб ва рафтори дил­сӯзонаро ба мардум пешниҳод намояд. Доруфурӯшӣ касбест, ки бо бемор сару кор дорад. Яъне, бо инсоне, ки дардманд асту эҳтиёҷ ба кӯмак дорад. Барои ҳамин, ман аз та­моми дорӯфурӯшон хоҳиш мекунам, ки бо мардум муомилаи хуб дошта бошанд.

Мусоҳиб

Шервони УМРИДДИН

 МАЪЛУМОТНОМАИ “ДАВО”

Мамадярова Зумрад Черматовна 11 — уми июли соли 1974 дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Пас аз хатми мактаби миёнаи №33 — и шаҳри Душанбе солҳои 1991 — 1996 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил намудааст.

Солҳои 1990 — 1991 дар озмоишгоҳи ТКБСМП — и шаҳри Душанбе ҳамчун ҳамшираи шафқат кор кардааст. Солҳои 1996 — 1999 ҳамчун фармасевт — провизор дар ширкати ҶДММ “Шерафкан М.Х.” фаъолият намудааст.

Аз соли 1999 — 2010 дар Маркази илмии тадқиқотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси шуъбаи илмӣ — экспиременталӣ кор кардааст.

Аз соли 2010 ба вазифаи мудири филиали №13 — и ҶДММ “Абӯбакр” ба кор қабул шуда, солҳои 2014 — 2017 ҳамчун менеҷер дар ширкати ҶДММ “Информ К.А.” кор кардааст.

Аз соли 2017 ба фазифаи дорусоз ба дорухонаи №1 — и ҶДММ “Сифат Фарма” ба кор қабул шуда, аз соли 2019 то ҳол ба вазифаи мудири дорухонаи марказии ҶДММ “Сифат Фарма” фаъолият дорад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.

 МАЪЛУМОТНОМАИ “ДАВО”

Саъдуллоева Шабнам Шамсуллоевна 16 — уми июли соли 1999 дар шаҳри Ваҳдат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Соли 2007 ба Гимназияи давлатии хонандагони лаёқатманди ба номи Абулфазли Балъамӣ дар шаҳри Ваҳдат ба синфи якум рафта, соли 2017 хатм кардааст.

Пас аз хатми Гимназияи шаҳри Ваҳдат солҳои 2017 — 2022 дар факултети фармасевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст.

Шабнам Саъдуллоева аз моҳи январи соли 2024 ба фазифаи дорусоз ба дорухонаи №1 — и ҶДММ “Сифат Фарма” ба кор шуруъ кардааст.

Боварии комил дорем, ки Шабнам дар ҳар ҷойе, ки кор кунад, аз ӯҳдаи вазифаи ба зиммааш гузошташуда баромада метавонад, зеро ӯ дорои ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ буда, масъулиятшинос аст.

Муҷаррад мебошад.

Мақолаи гузашта

ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ КИРМҲОИ РӮДА

Мақолаи навбатӣ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

user

user

Мақолаи навбатӣ
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ - РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ