Сиёҳдона
Хусусиятҳои шифобахшии сиёҳдона бештар аз 3000 сол аст, ки дар Шарқ маълум аст. Сиёҳдона дар забонҳои гуногун бо номҳои «чёрний тмин» (русӣ), «блэк сид», «блек сюмин»(англисӣ), «ниелле»(франсузӣ, немисӣ), «мелансион»(греч.), «шониз», «сияҳдона» (форсӣ), «кетзач», «кетям»(хебру), «калаунджи»(ҳиндӣ ва урду), «кришн джирак»(sans), «калиджра»(бенг), «калаонджи джирам»(гуджратӣ), «ниладжиракира»(тел.), «калиджакра»(мар.), «карунджи ригам»(тамил.), «карун чирагам»(мал.), «блек ка-равей сид», «ҳаббат-ул-барака», «ҳаббат-ус-савдо», «шониз»(арабӣ) машҳур мебошад.
Таркиби кимиёвӣ
Дар таркиби равғани сиёҳдона зиёда аз 100 намуди моддаҳои кимиёвӣ мавҷуд аст, ки баъзеи онҳо ҳанўз ҳам таҳқиқ карда нашудаанд. Тухми сиёҳдона дорои чунин равғанҳои кислотагӣ: Myristic(0,5%) Palmistic(13,7%) Palmitolec(0,1%) Stearic(2,6%) Oleic(13,7%) Linoleic[Omega-6] (57,9%) Linoleic[Omega-3] (0,2%) Arachidic(13%) ва моддаҳои ғизоии монанди сафеда, калтсий, оҳан, мис, руҳ, фосфор, thiamm riboflvin pyndoxine niacin folacin мебошад. Барои мустаҳкам намудани бадан нўшидани як қошуқча равғани сиёҳдона пас аз истеъмоли хўрок тавсия мешавад.(дар як шабонарўз аз як қошуқча зиёд истеъмол намудан мумкин нест.) Бисёриҳо мепурсанд, ки истеъмоли равғани сиёҳдона фоиданоктар аст ё тухми он? Ҳар ду ҳам муфид ҳастанд. Ҳангоми харидорӣ кардани равғани сиёҳдона аҳамият диҳед, ки дар тамғакоғази он чунин навишта шуда бошад: 100% gold-pressed; Solvent free. Ҳамчунин бояд дорои лифофаи фабрикӣ бошад.
Нусхаҳои (ретсептҳои) истифодаи сиёҳдона ва равғани сиёҳдона
Зиққи нафас, сулфа, варами шуш
- Саҳарӣ ва бегоҳӣ як қошуқча равғани сиёҳдонаро бинўшед.
- Ба ҷои дардманди бадан равғани сиёҳдона бимолед.
- Молиш(массаж) намудани қафаси сина ва пушт бо равғани сиёҳдона.
- Ингалятсия (як қошуқча дар як литр об)
- Молиш додани қафаси сина бо равғани сиёҳдона, ки бо равғани зайтун омехта карда шудааст (дар андозаи 1: 5)
- Нафас гирифтан аз буғи равғани сиёҳдона, ҳамчунин чоряк қошуқчаи онро зери забон нигоҳ доштан низ тавсия дода мешавад.
Диарея
Як қошуқ равғани сиёҳдонаро бо як пиёла ҷурғот омехта карда, маҳлули тайёршударо давоми 3 рўз дуборӣ истеъмол намоянд.
Дарди сар
- Як қошуқ равғани сиёҳдонаро истеъмол намуда, ҷои дардманди сар ва қисмати пеши онро бо равғани сиёҳдона молиш диҳанд. (Аз истеъмоли шириниҳо парҳез намоянд).
- Як қошуқ сиёҳдонаи куфташуда, як қошуқ тухми куфташудаи анис (anise seed), як қошуқ куфтаи мехчагулро омехта карда, пеш аз тановули хўрок як қошуқча истеъмол намоянд. Ин омехтаро то замоне дар даҳон бояд нигоҳ дошт, ки фурў бурдани он осон шавад. Бо об истеъмол намудан мумкин нест.
- Ҳар рўз 2-3 маротиба 1,5 қошуқ равғани сиёҳдонаро истеъмол намоянд.
Тарбод
- 5 пораи пиёзро бо дили наҳор хўрда, пас аз як соат як пиёла доринҷии дар об ҷўшондаро бо изофа кардани 5 қатра равғани сиёҳдона бинўшанд.
- Каме сиёҳдонаро дарп равғани зайтун гарм карда ба ҷойҳои дардманди бадан бимолед.
- Ҳамчунин пеш аз хоб оби сиёдонаи ҷўшонидашударо бо асал омехта намуда бинўшанд.
Бемориҳои пўст
- Як миқдор равғани сиёҳдонаро бо гулоб ва орди сиёҳ омехта кунед. Ҷойи дардманд(осебдида)-ро бо матоъи дар сирко тар кардашуда пок намоед. Хамири тайёрнамудаатонро дар болои пўст гузошта кўшиш намоед то гармии офтоб ба шумо бирасад.
- Ҳар рўз 2-3 маротиба як қошуқча равғани сиёҳдонаро истеъмол намоед.
- 3) Як қшошуқча равғани сиёҳдонаро бо як қошуқ равғани зайтун омехта карда ба рўй бимолед. Пас акз як соат бо оби гарм ва собун онро бишўед.
Чарх задани сар
- Як қошуқ равғани сиёҳдонаро бо чой ҳамроҳ намуда бинўшед.
- Бо равғани сиёҳдона паси гардан ва зери манаҳро молиш диҳанд. Ҳар рўз як қошуқ равғани сиёҳдонаро истеъмол намоянд.
Дарди гўш
Як қатра равғани сиёҳдонаро дар гўш бичаконанд гўшро тоза намуда, аз дард раҳо мекунад.
Ҳангоми тааллуд
Яке аз воситаҳои беҳтарини сабук намудани дард ҳангоми таваллуд ин равғани сиёҳдонаро бо асал гарм карда нўшидан аст.
Ҳангоми сўзиши дил
Чанд қатра равғани сиёҳдона ва як қошуқча асалро дар як пиёла шири гарм андохта гармогарм бинўшанд. Ҳамчунин бисёр хўрдани салатҳо тавсия карда мешавад.
Фишори баланди хун
- Як қошуқ сиёҳдонаи куфташударо дар нўшокии гарм омехта карда, бо ду пора сирпиёз ҳар рўз пеш аз наҳорӣ истеъмол намоянд.
- Сиёҳдонаро дар нўшокии гарм омехта карда бинўшанд ва бо равғани сиёҳдона баданро молиш диҳанд.
Дарди қафаси сина
Дар оби ҷўшон як қошуқ сиёҳдонаро андохта аз буғи он нафас бигиред. Пеш аз хоб бошад саратонро пўшонед.
Дарди чашм
- Саҳарӣ ва бегоҳӣ пеш аз хоб чанд қатра равғани сиёҳдонаро ба чашм бичаконанд ва пас аз ин як қошуқи онро бо асал бихўранд.
- Пеш аз хоб равғани сиёҳдонаро дар гирди чашмҳо бимоланд ва нўшокии гарми бо як чанд қатра равғани сиёҳдона омехташударо бинўшанд.
Захми меъда
- Як қошуқча сиёҳдонаро бо як қошуқ зағири дар як пиёла об таркардашуда андохта 2 дақиқа ҷўшонанд. Пас аз хунук шудан ҳар рўз саҳарӣ ва бегоҳӣ як пиёлагӣ бинўшанд. (Истеъмоли шириниҳо ва меваҳоиситрусӣ тавсия карда намешавад.)
- 10 қатра равғани исёҳдонаро бо як пиёла асал омехта кунед. Аз маҳлули тайёршуда як қошуқ ҳар саҳарӣ бо дили наҳор бихўред. Сипас як пиёла шир бинўшед. Ин амалро 2 моҳ бе танаффус давом диҳед.
Саратон
Ҳар рўз 2-3 бор равғани исёҳдонаро ба ҷои захм бимоланд ва аз нўшобае, ки аз як қошуқча равғани сиёҳдона ва як пиёла афшураи (сок) тозаи сабзӣ иборат аст бинўшанд. Ин нўшобаро давоми 3 моҳ истеъмол намоянд.
Коҳилӣ
10 қатра равғани сиёҳдонаро бо як пиёла афшураи афлесун омехта карда, нўшобаи тайёршударо давоми даҳ рўз баъди аз хоб бедор шудан бинўшанд. (баъди намози бомдод хоб кардан лозим нест).
Барои қавӣ гардидани ҳофиза
- 7 қатра равғани сиёҳдонаро бо обҷўши пўдина илова намуда, бо асал ширин намуда ҳар рўз як маротиба гармогарм бо дили наҳор бинўшанд.
- Пўдинаро дар об андохта ҷўшонед ва бо асалу 7 қатра равғани сиёҳдона омехта карда гармогарм бинўшед. Вақти табобат аз нўшидани чой ва қаҳва бояд худдорӣ намуд.
Бемории қанд
- Як пиёла сиёҳдона, як пиёла чилликгул, ним пиёла пўсти анорро кўфта, хуб омехта намуда як қошуқи бо дили наҳор истеъмол намоянд. (ин маҳсулот дар ҷойи салқин нигоҳ дошта шавад).
- Як пиёла сиёҳдона, як пиёла чилликгул, 1,5 пиёла пўсти анорро кўфта хуб омехта намоянд. Дар давоми як моҳ, қабл аз наҳорӣ як қошуқча аз ин куфтаҳо ва як қошуқча равғани сиёҳдона истеъмол намоянд.
Дарди гўш
Як пораи сирпиёзи тозаро 3 рўз дар 28, 35 грам (як унции) равғани сиёҳдона тар карда аз маҳлули тайёргардида як чанд қатра дар гўш бичаконанд ва атрофии гўшро бо равғани сиёҳдона молиш диҳанд.
Бемориҳои чашм
- Пеш аз хоб бо равғани сиёҳдона пилки чашм чаккаи сарро молиш дода 7 қатра равғани исёҳдонаро бо нўшокии гарм махсусан бо афшураи сабзӣ бинўшанд.
- Як қошуқ сиёҳдонародар 8 унтсия (226, 80 грам) об ҷўшонида 10 дақиқа гузоранд то хунук шавад. Сипас аз элак гузаронида полонанд. 2 докаи пахтагиро дар ин маҳлули тайёршуда тар карда, ба муддати 10 дақиқа дар болои чашмҳо гузоранд.
- Пеш аз хоб чаккаҳои сарро бо равгғани сиёҳдона молиш диҳанд.
Бехобӣ
Як қошуқча равғани сиёҳдонаро боа сал ё чой омехта карда пеш аз хўроки шом бинўшанд.
Дилбеҳузурӣ
Як қошуқча кўфтаи сиёҳдонаро дар ҷўшондаи ҷавҳари наъно омехта карда ҳар рўз се маротиба истеъмол намоянд.
Дарди дандон
- Омехтаи равггани сиёҳдона ва сиркои себро ба дандонҳо бимоланд.
- Сиёҳдонаи куфташударо бо равғани зайтун омехта карда то шира гирифтанаш кофта ба дандони дардманд бимоланд.
- 8 унтсия(226, 80 грам) сиркои себиро бо ду қошуқ куфтаи сиёҳдона ҷўшонда биполанд. Маҳлули тайёршударо як чанд рўз ба дандонҳо бимоланд.
- Ҷои дардманди дандонро бо як ду қатра равғани сиёҳдона пок намоянд.
Боди зиёд дар шикам(дамиш)
- Тухми куфташудаи сиёҳдона, шибити ширин(ground fennel) ва пудинаро ба миқдори баробар гирифта аз он чой дам кунанд. Ба он 3-7 қатра равғани сиёҳдона илова намуда, бо асал ширин намуда бинўшанд.
- Бо сиркои себӣ ва равғани сиёҳдона дар болои шикам тарбандӣ (компресс) кунанд.
Варами ғадуди бодомшакли гулў
10 грам тухми сиёҳдонаро дар 1,5 литр об ҷўшонда биполанд. Ҳар рўз 2 бор бо ин маҳлул гулўро бичайқонанд.
Санги талха ва гурда
Истеъмоли тухми куфташудаи сиёҳдонаи бо асал омехташуда, барои дурр намудани санги талха ва гурда кумак мерасонад.
Варами димоғ(бинӣ)
- Як қошуқ сиёҳдонаро дар як пиёла оби ҷўшон андохта бўғи онро нафас гиранд.
- Аз берун биниро бо равғани сиёҳдона молиш диҳанд.
- Як қошуқча равғани сиёҳдонаро бо ним пиёла об ва як қошуқ асал омехта карда, 15 дақиқа пеш аз хўроки пагоҳӣ ва шом и истеъмол намоянд.
Шукуфа
- Ҷойи зарардидаро бо равғани сиёҳдона молиш бидиҳанд.
- Як қошуқча равғани сиёҳдонаро бо ним пиёла об ва як қошуқ асали тоза омехта карда, 15 дақиқа пеш аз хўроки пагоҳӣ ва шом истеъмол намоянд.
Ҳассосият (аллергия)
- Барои покии рўй, ҳассосият, бемориҳои пўст ва варами давомнок бояд ҳар рўз 1-2 капсул ё 20 -25 қатра равғани сиёҳдона истеъмол намоянд.
- Як қошуқча равғани сиёҳдонаро саҳарӣ ва бегоҳӣ истеъмол намуда, ҷойи дардмандро бо равғани сиёҳдона молиш диҳанд.
Табобати мўй
Як қошуқ тухми сиёҳдона, афшураи рукола, сиркои себ ва 100 милилитр равғани зайтун. Сиёҳдонаро бо афшураи рукола омехта карда 10 дақиқа нигоҳ доранд. Сипас сиркои себ ва равғани зайтунро илова намуда, омехта намоянд. Маҳлулро дар зарфи шишагӣ нигоҳ доранд. 1-3 қошуқи ин маҳлулро ба мўйи сар бимоланд. Пас аз 20 дақиқа мўйи сарро ба таври муқаррарӣ бишўянд.
Бемории роҳҳои хунгард
Як қошуқча равғани сиёҳдонаро бо як қошуқ асал ва як пора сирпиёз омехта карда, бо дили наҳор давоми 5 рўз истеъмол намоянд. Ҳамчунин доимо истеъмол намудани 5 қатра равғани сиёҳдона бо як пиёла сесанбар ё пудина мумкин аст.
Дарди талха
Равғани сиёҳдонаро истеъмол намоянд. Дар ҳолати дарди ҷигар низ метавонанд равғани сиёҳдонаро истифода намоянд.
Устухондард
Пиёзро ҷўшонида бо равғани сиёҳдона омехта карда, ҳар рўз 2 маротиба истеъмол намоянд. Ҳамзамон ҷои дардмандро бо равғани сиёҳдона ва равғани пўдина молиш диҳанд.
Бод гирифтани сипурз
Шалғамчаи сурхро ҷўшонида бо асал ширин намуда, 7 қатра равғани сиёҳдона илова намоянд. Аз ин маҳлул 1 пиёла бо дили наҳор ва қабл аз хоб давоми як ҳафта бинўшанд.
Бемориҳои дандон ва милки он
Куфтаи сиёҳдонаро хуб пазонда дар дохили себ ҷой кунандва чун сақич истифода намоянд.
Варами ҷигар
5 қатра равғани сиёҳдонаро дар як пиёла оби ҷўшондаи барги бед илова карда, давоми як ҳафта бинўшанд.
Варами сипурз
Шибитро дар об ҷўшонида, дар як пиёлаи он 5 қатра равғани сиёҳдона илова намудадавоми як ҳафта бинўшанд. Инчунин истифода бурдани барги бед мумкин аст.
Рехтани мўй
Саҳарӣ ва бегоҳӣ як қошуқча равғани сиёҳдона истеъмол намуда, сарро бо равғани сиёҳдона ва равғани зайтун ҳар ду баробар (1:1) дар як ҳафта 3 маротиба молиш диҳанд. То муддати 10 дақиқа маҳлулро нашўянд. Сипас сарро бо собун бишўянд.
Заъфи сипурз
Як қошуқ мураббои анҷирӣ ва як қошуқ асалро дар як пиёла оби ҷўшонидашуда омехта карда, 7 қатра равғани сиёҳдона илова намуда, давоми 5 рўз саҳарӣ ва бегоҳӣ истеъмол намоянд.
Бавосир
Омехтаи баробари (1:1) равғнаи сиёҳдона ва равғани зайтунро ҳар рўз 3 маротиба як қошуқи давоми даҳ рўз истеъмол намоянд. Ҷои дардмандро бо равғани сиёҳдна молиш диҳаннд.
Тангшавии қапқоқи дил
Як қошуқча равғани сиёҳдонаро бо як қошуқи калони асал омехта карда, бо як пиёла чойи гарм бо дили наҳор ё пеш аз хоб бинўшанд.
Латхўрӣ
Як қошуқча равғани сиёҳдонаро бо як қошуқи калони асал омехта карда, бо як пиёлачойи гарм бо дили наҳор ё пеш аз хоб бинўшанд. Ҳазамон ҷойи латхўрдаро бо равғани сиёҳдона ҳар рўз 3 маротиба молиш диҳанд.
Ҳангоми маҳкам шудани гўшҳо
Пахтаро дар равғани сиёҳдона тар карда, дар гўшҳо биниҳед ва то як соат онро нагиред. Натиҷаашро хоҳед дид.
Ҳангоми зуком
Пахтаи дар равғани тозаи сиёҳдона таршударо 5- 20 дақиқа дар сурохии бинӣ гузоред. Дарҳол сабукиро эҳсос хоҳед кард. Ҳангоми зукоми шадид ин амалро такрор намудан мумкин аст.
Аҳамияти чой аз сиёҳдона
Дар тибби мардумӣ чойи сиёҳдонаро барои дамиши шикам, дарунравӣ, пешобронӣ, резондани кирмҳои рўдава ғайра истифода мебаранд. Ҳамчунин ба модарони камшир нўшидани чойи сиёҳдона тавсия карда мешавад.
Тарзи тайёр намудани чой аз сиёҳдона
Дар 50 мл. оби ҷўшонидашуда як қошуқча тухми сиёҳдонаи куфташуда андохта 10 дақиқа гузошта мешавад. Сипас онро полонда ҳар рўз 2 маротиба як пиёлагӣ бинўшанд.
Чой ҳангоми зуком ва шамолхўрӣ
Як қошуқ куфтаи тухми сиёҳдона, як қошуқча решаи ширинбия ва гули бобуна, ним қошуқча тухми бодиён ҳамаи ингҳоро дар як пиёлаи калон омехта карда, аз болояш оби ҷўшомада рехта 10 дақа гузошта мешавад. Сипас онро полонда мувофиқи табъ ширин карда бинўшанд. (Аз асал истифода намудан мумкин аст).
Таваҷҷўҳ!
Ба занҳои ҳомиладор ва бемороне, ки узвҳои баданашон (ҷигар, гурда, дил) иваз (трансплантатсия) шудааст, истеъмоли сиёҳдона иҷозат дода намешавад, зеро сиёҳдона қувваи худмуҳофизатии баданро пурзўр мекунад, ки ин метавонад боиси аз фаъолият мондани ин аъзо гардад.