• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Афсурдагӣ (депрессия)

от user
в Равоншиносӣ
0

Одатан асабониятро натиҷаи тарбияти бад, танбалӣ, худхоҳӣ, бадандешӣ ва амсоли ин мепиндоранд, дар ҳоле ки ин бемории хавфнок метавонад одамро ҳатто то ба худкушӣ расонад. Бештари одамон ба сабаби надонистан зуҳуроти афсурдаҳолиро ташхис дода наметавонанд ва дар марҳилаи аввал ба мутахассис муроҷиат намекунанд. Дар натиҷа фурсатро аз даст медиҳанд ва афсурдагӣ ба дараҷаи вазнин гузашта, табобаташ душвортар мешавад ва эҳтимол аст бо фоҷиа бианҷомад. Дар ҳоле, ки ташхиси саривақтӣ ва табобати дуруст метавонад беморро шифои комил бахшад.

Инчунин, дар ҷомеаи мо ба сабаби мавҷудияти баъзе зеҳниятҳо одамон аз муроҷиат ба пизишкони равоншинос худдорӣ мекунанд. Дар қайди бемористони равоншиносӣ будан, ки «девона» будан талаққӣ мешавад, назари интқодии атрофиён ба бемор, ва часпондани исми «псих» ба ў, зарар доштани доруҳои равондармонӣ, «девона кардани ин доруҳо» ва ғайра аз қабили ин зеҳниятҳо мебошанд.

Дар марҳилаи аввал ин беморӣ сабаби паст шудани зарфияти корӣ гашта, ба бемор ва наздикони ў бадбахтиҳо меорад. Дилтангӣ, афсурдагӣ, изтироб, яъсу ноумедӣ, ташаннуҷи ботинӣ, эҳсоси гунаҳкорӣ, норизоят аз худ, камбуди эътимод ба нафс, камбуди лаззатҳои зиндагӣ ва амсоли инҳо нишонаҳои эҳсосотии ин бемориянд.

Бехобӣ, беиштиҳоӣ, заъфи тавоноии ҷинсӣ, зудхасташавӣ, дардҳои бесабаби бадан (дил, меъда, мушакҳо) аломатҳои физиологии ин бемориянд. Одатан зарфияти фикрронии ин беморон суст шуда, дар кори худ мутамарказ шуда наметавонанд ва ояндаи худро торик мебинанд.  Барои гузоштани ташхиси «афсурдагӣ» бояд якчанд нишонаҳои ин беморӣ дар муддати зиёда аз ду ҳафта дар бемор мушоҳида шаванд.
Ин беморон одатан аз вохўриву хушгузарониҳо канораҷўӣ мекунанд ва метавонанд рў ба шаробу маводи мухаддир оранд. Илми рўз се омили пайдоиши ин бемориро мушаххас кардааст: биологӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ.

Табобати ин беморӣ мураккаб буда, вақту заҳмати зиёд металабад вале комилан табобатшаванда аст. Дар ҳолати саривақт табобат накардан, беморӣ ба ҳолати музмин ё дараҷаи вазнин гузашта, ба ҳаёти инсон хатар дорад. Инчунин дер ошкор кардани ин беморӣ сабаби душвор шудани табобати он мегардад.

Одатан табобати доруӣ ва равондармонӣ бо ҳам тавсия мешаванд. Нақши наздикони бемор дар табобат хеле муҳим мебошад. Онҳо бояд хамеша дар хотир дошта бошанд, ки мушкилоти мариз аз қабили ғазаб, яъс, руҳафтодагӣ ва ғайра гуноҳи бемор набуда, аломатҳои беморӣ мебошанд. Бояд аз танқид ва вокуниши сахт худдорӣ намоянд ва беморро ба корҳои барояш ҷолибу муфид чалб намоянд.
Ҳамин тавр ин бемории хатарнок агар саривакт ташхис шавад ва тавсияҳои мутахассис аз сўи бемор ва наздиконаш риоя бишавад, умеди шифои комил ёфтан ва ба зиндагии хушу хуррам баргаштани бемор ва хонаводаи ў мавҷуд аст.

Таҳияи Фаррухрўзи Ҷовид

Мақолаи гузашта

Сиёҳдона (чёрний тмин)

Мақолаи навбатӣ

Панҷ усули рафъи стресс

user

user

Мақолаи навбатӣ
Панҷ усули рафъи стресс

Панҷ усули рафъи стресс

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ