ПНЕВМОНИЯ (ИЛТИҲОБИ ШУШ).
Барангезандагони пневмония стафилококкҳо, микоплазма, микровирусҳо, аденовирусҳо ба шумор мераванд. Стресси доимӣ, ғизои носолим, масъуният (иммунитет)-и заиф, шамолхўрӣ, тамокукашӣ, майнўшӣ, бемориҳои музмин (пиелонефрит, бемории ишемиявии дил, норасоии қалб) омилҳоеанд, ки ба сарзании илтиҳоби шуш мусоидат мекунанд.
Дар баробари доруҳои тавсияшудаи духтур парҳезу давоҳои зерин ба шифоёбии бемор кўмак мерасонад.
Табобати бемори.
Беморро лозим аст, ки дар давоми рўз 1,5 — 2 литр морс, шарбати меваю сабзавот, компот ва чойи гарм бинўшад. Аз ғизои серравған (гўшти мурғобӣ, ғоз…) парҳез намояд. Ширинӣ (торт, кулчақанд, ҳалво…) раванди илтиҳобиро метезонад. Ҳавои ҳуҷраи бемор бояд аз чангу ғубор тоза бошад.
Ду қошуқ гиёҳи хушки сапали шутур, як қошуқ барги зуф ва як қошуқ кокутиро ба чойнике андохта, аз болояш ним литр оби ҷўш резед. Баъди ду соат дам додан чоряки истаконӣ рўзе чор бор пеш аз ғизохўрӣ истеъмол намоед.
Як қошуқ чойкаҳак (зверобой)-ро дар як литр об 30 дақиқа ҷўшонед. Баъди гирифта хунук кардану полондан бо се қошуқ росан (девясил), ду истакон асал ва як истакон равғани зайтун омехта намоед. Як ҳафта дар яхдон нигоҳ дошта, нимқошуқӣ рўзе се маротиба пеш аз хўрок истеъмол кунед.
Сад грамм настаран (хулул, хуч)- ро ба як литр об андохта, 15 дақиқа дар оташи паст ҷўшонед. Ду соат дам дода, аз дока гузаронед ва дар давоми рўз кам–кам мисли чой бинўшед. Аз меъёр зиёд истеъмол кардани он боиси пастшавии фишори хун мешавад.
Ду қошуқча решаи майдакардаи росанро ба ним литр оби ҷўш андохта, ним соат дам диҳед. Сипас болои оташи паст гузошта, то ҷўшидан гарм кунед. Ба болояш ним истакон шир андохта, хуб кобед. Баъдан аз дока гузаронида хунук кунед. Рўзе се маротиба ба он каме асал ҳамроҳ намуда, ним истаконӣ пеш аз хўрок истеъмол кунед.
БРОНХИТ.
5 граммӣ хокаи занҷабил (имбир), қаранфули гардан (гвоздика) ва дорчин (корица)-ро дар якуним истакон оби ҷўш андохта
ним соат дам диҳед. Ҳар як соат як қошуқӣ аз ин даво истеъмол кунед.
10 грамм хокаи занҷабил ва ним қошуқча мурчро дар якуним истакон оби ҷўш андохта, ним соат дам диҳед.Баъди каме хунук шуданаш як қошуқча асал ҳамроҳ намуда, ним истаконӣ рўзе ду бор нўши ҷон кунед.
Ду пиёзи миёнаро бо 200 грамм шакар дар як литр оби гарм андохта, то ҷўшиданаш гарм кунед. Пас аз хунук шудан пиёзро аз зарф берун кунед. Ин «асали пиёзӣ»-ро ним истаконӣ рўзе се маротиба истеъмол намоед.
Ду қошуқӣ решаи гули хайрӣ (алтей), муғчаи сафедор (берёзовые почки), кокутӣ ва решаи росанро омехта кунед. Аз ин омехта 30- 35 граммашро ба як истакон оби ҷўш (200 миллилитр) андохта, ним соат дам диҳед. Дар давоми рўз аз ин даво 30- 35 миллилитрӣ бинўшед.
40 граммӣ меваи барги тамашк (малина) ва сапали шутурро бо 20 грамм кокутӣ дар ду истакон оби ҷўш 10 дақиқа гарм печонида дам диҳед. Давои мазкурро аздока гузаронида, ним истаконӣ рўз се маротиба нўши ҷон кунед.
16 грамм решаи майдакардаи росанро ба як истакон об андохта, 10-15 дақиқа ҷўшонед. Баъди 4 соат дам додан як қошуқӣ дили бенаҳор истеъмол намоед.