• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Табобати бемориҳои хоси фасли тобистон.

от user
в Гиёҳдармонӣ
0

ОФТОБЗАНӢ Нахустин нишонаҳои офтобзанӣ ланҷу сустшавии организм, эҳсоси шавқун дар гўшҳо, пайдошавии ҳалқаҳои сиёҳ дар пеши чашм, сарчархзанӣ ва дарди сар мебошад. Сипас задани набз тез ва фишори хун паст мешаваду мушакҳои бадан ба дард меоянд.

Пеш аз ҳама, ба сару пешонии шахси офтобзада сачоқ ё рўймолеро тар карда, ўро дар ҷои салқину соя гузоштан лозим аст. Об аз ҳад зиёд хунук набошад. Гузоштани ях ҳам мумкин нест, зеро якбора аз гармӣ ба сардӣ тағйир ёфтани ҳарорат метавонад боиси ташаннуҷ  спазм)-и рагҳо ва аз кор мондани дил гардад. Ҳамчунин, ба сари шахси офтобзада рехтани оби сард, оббозӣ кардан дар ҳавзу дарё мумкин нест. Ба шахси офтобзада нўшидани оби маъдании бе газ, оби ҷўшондашудаи ширгарм бо иловаи лимў, пудиначой муфид аст.

Як қошуқча намакро дар як истакон оби ҷўшондашуда ҳал карда кам-кам нўшидан лозим аст. Истеъмоли чойи ширин, қаҳва, нўшобаҳои ширин  «Кола», «Фанта», «Спрайт»), машруботи спиртӣ манъ аст.

Агар шахси офтобзада қай кунад, ба ў доруи «Регидрон»-ро дар об ҳал карда нўшонед. Ҳангоми дилбеҳузурӣ нўшидани пудиначой кӯмак мерасонад.

Ду дона пиёзи миёнаро аз турбтарошак гузаронида, оби онро ҷафида, ба офтобзада медиҳанд, то онро якчанд маротиба бўй кашад. Сипас оби пиёзро ба кафи дасту пойҳо мемоланд. v Чанд қатра равғани сурда  лаванда)-ро бо таносуби 1:10 бо равғани растанӣ  зайтун, офтобпараст, кунҷид) омехта карда, онро ба чаккаҳои сар, кафҳои дасту пой ва қафаси сина бимолед. Агар ба ин равған чанд қатра шарбати сабр  алоэ) ҳамроҳ кунед, манфиаташ бештар мешавад.

Нўшидани чолоб, ғўлингоб, хушоб  компот)-и себу олуболу ва чойи сабз ба офтобзада таъсири мусбат мерасонанд.

ДАРДИ ГУЛЎ. Дар фасли тобистон аз сабаби истеъмоли яхмосу нўшобаҳои хунук бисёриҳо мубталои дарди гулў мешаванд. Давоҳои зерин ҳолати беморро беҳтар намуда, дардро рафъ мекунад.

Ду қошуқӣ бобуна ва гули ҳамешабаҳорро омехта, аз он як қошуқашро ба як истакон оби ҷўш андозед. Сипас гарм пўшонда, ним соат дам диҳед. Аз дока гузаронида, бо давои мазкур гулўро баъди ҳар се соат чайқонед.

Ду қошуқӣ гули ҳамешабаҳор, барги зуф ва тахачро омехта карда, як қошуқи онро дар 250 миллилитр об андохта, 10-15 дақиқа дар оташи паст ҷўшонед. Баъди гирифта, каме ширгарм шуданаш аз дока гузаронида, пас аз ҳар се соат гулўро чайқонед.

Як лаблабуи сурхро аз турбтарошак гузаронида ба он як қошуқча сиркои 6-фоиза  беҳтараш себӣ) ҳамроҳ намоед ва 2 соат дам диҳед. Тавассути дока ҷаффида, бо оби ҳосилшуда гулўро чайқонед.

Панҷ қошуқӣ газна, пўстлохи булут  кора дуба), пӯстлохи лух  кора аира) ва чор қошуқ мармарак  шалфей)-ро омехта намоед. Аз он 5 қошуқ гирифта, ба як литр об андохта, ним соат ҷўшонед. Сипас аз болои оташ  плита) гирифта, баъди каме ширгарм шуданаш полонед. Дар ҳар се соат бо он гулўро чайқонед.

8 донача сирпиёз  чеснок)-ро аз турбтарошак гузаронида, ба он 8 қошуқча сиркои ангурӣ ҳамроҳ намоед. Болои зарфро пўшонда, шаб дар ҷои салқин гузоред. Саҳаргоҳон ба он 2 қошуқ асали моеъ ҳамроҳ карда, хуб бикобед. Рўзе якчанд маротиба 2 қошуқчаӣ аз ин даво ба даҳон партофта, монанди қанд макидан дарди гулўро рафъ менамояд.

Дурудароз мисли сақич хоидани муми занбўри асал дарди гулўро таскин мебахшад.

Ҳар рўз се маротиба истеъмол кардани як қошуқчаӣ пиёзи нав фишурдашуда боиси таскини дарди гулў хоҳад шуд.

Як дона лимуро аз гўштқимакунак гузаронида, ба он се қошуқ хокаи занҷабил  имбир) ва се қошуқ асал ҳамроҳ намоед. Рўзе панҷ маротиба як қошуқчаӣ ин даворо нўши ҷон кунед.

Се қошуқ мармаракро дар як истакон оби ҷўш андохта, баъди ним соат бо он гулўро рўзе се маротиба чайқонед.

Як қошуқча зардчўба ва ним қошуқча намакро дар ним истакон оби ҷўш андохта, 20 дақиқа дам дода, рўзе ба он 5-6 маротиба гулўро чайқонед.

Ба ним истакон шарбати тозафишурдаи сабзӣ як қошуқ асал ва ду қатра йод ҳамроҳ намуда, рўзе якчанд маротиба гулўятонро чайқонед.

5-6 дона гашничро реза карда, ба як истакон оби ҷўш андозед ва болояшро пўшонед. Баъди ним соат дам додан рўзе якчанд маротиба гулўро ғарғара кунед.

Як қошуқча зардчўбаро ба як истакон шир андохта, гарм кунед. Ҷӯшидан замон гирифта, каме хунук кунед ва пеш аз хоб бинўшед.

БЕМОРИҲОИ РЎДА. Зери ибораи «шикамдард» даҳҳо бемориҳо, аз қабили диарея  шикамрав), метеоризм дамиши шикам), колит, энтерит ва ғайра пинҳон аст, ки онҳоро мутахассис муайян мекунад. Дар зер давоҳое зикр шудаанд, ки ҳангоми муолиҷаи варами рўдаҳо кўмак мерасонанд

Мақолаи гузашта

Табобати бемориҳои қабзият захми меъда ва кирмсорӣ.

Мақолаи навбатӣ

Табобати бемориҳои роҳҳои нафас.

user

user

Мақолаи навбатӣ
Табобати бемориҳои роҳҳои нафас.

Табобати бемориҳои роҳҳои нафас.

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Фармацевтические новости со всего мира

Фармацевтические новости со всего мира

13.12.2025
Барномаи рушди тандурустӣ натиҷагирӣ шуд

Барномаи рушди тандурустӣ натиҷагирӣ шуд

12.12.2025
Чашм бепарвоиро намепазирад

Чашм бепарвоиро намепазирад

11.12.2025

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ