
Дар Тоҷикистон тайи солҳои охир соҳаи тандурустӣ рушд ёфта, усулҳои муосири ташхису табобат ба таври васеъ ҷорӣ мешаванд. Яке аз самтҳои муҳим-табобати ҷарроҳии фарбеҳӣ (амалиётҳои бариатрикӣ) мебошад, ки имрӯз шаҳрвандон метавонанд бе ниёз ба сафар ба хориҷи кишвар дар дохили мамлакат аз он истифода баранд.
Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ давоми зиёда аз се соли охир беш аз 400 амалиёти бариатрикӣ бо муваффақият анҷом дода шудааст. Ба гуфтаи мудири шуъбаи ҷарроҳии бариатрикӣ ва герниологии марказ, Ҳакимзода Беҳруз, зиёда аз 100 нафар аз ин беморон гирифтори фарбеҳии шадид (вазни беш аз 150 кг) буда, тақрибан 50 нафари дигар ҳамзамон аз диабети қанди навъи 2 ранҷ мебурданд.
Ба чунин беморон асосан амалиётҳои шунткунонии меъда ба рӯдаи борик ва буриши остиншакли меъда (слив-резексия) гузаронида шудааст. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе беморон то 105 кг вазни изофии худро кам намуда, ҳамзамон аз диабети қанд низ раҳо ёфтаанд.
Яке аз ҳолатҳои ҷолиб-табобати бомуваффақияти Умарова Азиза, сокини 39-солаи шаҳри Ваҳдат мебошад, ки вазни ӯ зиёда аз 200 кг буд. Ба ӯ амалиёти шунткунонии меъда гузаронида шуд. Ба гуфтаи худи бемор, пеш аз ҷарроҳӣ ӯ аз нафастангӣ, дарди пойҳо ва душвории роҳгардӣ азият мекашид.
Ҳамагӣ пас аз 4 рӯзи ҷарроҳӣ, вазъи саломатии ӯ ба таври назаррас беҳтар гардида, нишонаҳои қаблӣ аз байн рафтаанд. Табибон мегӯянд, ки дар ин муддат бемор аллакай 10 кг вазни худро кам кардааст ва интизор меравад дар давоми 9 моҳи оянда то 100 кг вазни изофиро аз даст диҳад.
Қобили зикр аст, ки ин амалиётҳо бо усули миниинвазивӣ, яъне бе буриши калони ҷисм гузаронида мешаванд. Ин усул осеби ҷисмониро кам карда, муҳлати табобат ва бистариро кӯтоҳ мекунад.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки амалиётҳои бариатрикӣ бо роҳи хурд кардани ҳаҷми меъда ва тағйир додани кори системаи ҳозима ба коҳиши вазн мусоидат мекунанд. Дар натиҷа, мубодилаи моддаҳо беҳтар шуда, хатари бемориҳои ҳамроҳ, аз ҷумла диабети қанд, коҳиш меёбад.
Имрӯз дар марказ тамоми навъҳои асосии амалиётҳои бариатрикӣ, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ истифода мешаванд, ҷорӣ гардидаанд. Мутахассисони тоҷик барои иҷрои онҳо дар хориҷи кишвар омӯзиш дида, ҳоло мустақилона чунин ҷарроҳиҳоро анҷом медиҳанд.
Ин дастовард нишон медиҳад, ки соҳаи тибби Тоҷикистон ба сатҳи нави рушд баромада, имкониятҳои муосири табобатро барои аҳолӣ фароҳам овардааст.



