• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Чаро ихтилоли сутунмӯҳра маъмул гашт?

от user
в Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
0

Солҳои охир байни мардум бемории ихтилоли сутунмўҳра торафт афзуда, боиси нигаронии табибон гаштааст. Коршиносони соҳа сабаби гирифториро бакамҳаракатӣ нисбат дода, мегўянд, ки ҳаракати одамон нисбат ба солҳои қаблӣ чандин маротиба кам шудааст ва хурду калон имрўз пойбанди телефонҳои
мобилию компютер шуда, ба ҳавои тоза хеле кам мебароянд ва сайругашт намекунанд. Занону духтарон бошанд, дар кори рўзгор ҳамарўза аз таҷҳизоти барқӣ истифода намуда, сол аз сол камтар ҳаракат мекардагӣ шудаанд.

ВАҚТЕ ТАҒОЯК ПИР ШУД…
Ҳалим Мухторов, духтури нейроҷарроҳ, иброз медорад, ки дарди ҷонкоҳи ихтилоли сутунмӯҳра фаъолияти ҷисмонии одамро якбора маҳдуд намуда, вазъи саломатияшро коҳиш медиҳад. Остеохондроз ва чурраи (грижаи) тағояки байни мӯҳраҳо ё ба истилоҳи дигар пиршавии тағояки байни мӯҳраҳо аз зумраи он бемориҳоест, ки байни аҳолӣ зиёд паҳн гаштааст. Агарчи ин истилоҳот, аксаран, якҷоя ва баъзан ба ҷои ҳамдигар истифода мешаванд, вале ҳар кадоми ин беморӣ ташхис ва табобати хосаро тақозо мекунад. Бояд гуфт, ки дар ин маврид табобати консервативӣ танҳо муваққатан дардро сабук намуда, ҳолати беморро як давра беҳтар месозад.

Остеохондроз бемории дегенеративии сутунмӯҳра аст, ки тағоякҳои байни сутунмӯҳра, буғумҳо ва
пайвандҳо «пир» шуда, устухонҳои сутунмӯҳра ба ҳам фишор оварда, торҳои асаб ва ҳароммағзро нороҳат мекунанд. Ҳамин тавр, эҳсоси дард, маҳдудияти ҳаракат ва рушди нишонаҳои неврологӣ дар бунияи
инсон пайдо мешаванд.
— Чӣ боиси пайдоиши остеохондроз мегардад, — суол мекунам аз ҳамсуҳбатам, ки дар муолиҷаи он
муваффақ аст.
— Сабабҳои пайдоиши остеохондроз зиёданд, вале дуи он маъмулист. Аввалан, ин синну сол аст. Яъне, бо расидан ба синни пирӣ бадани одам бо равандҳои пиршавии табиӣ рӯ ба рӯ мешавад. Тағоякҳои
байни сутунмӯҳраҳо тадриҷан намияшонро гум карда, чандир мегарданд ва дарди сахт пайдо мешавад.
Бо тарс аз дард шахс аз ҳаракати мунтазам ё машқҳои ҷисмонӣ даст мекашад, ки дуруст нест.

Дуввум, кам будани фаъолияти ҷисмонӣ. Имрӯз, мутаассифона, аксарият корҳои нишастаро интихоб намудаанд. Кор бо компютер, телефон ва истифодаи техникаҳои замонавӣ кори одамонро, ба қавле осон кардааст, вале рӯзи дароз беҳаракат нишаста, кор кардан организмро заиф месозад. Бояд ҳар 40-45 дақиқа аз ҷой хеста, муддате бо машқҳои сабук чашмҳо ва баданро ором кард.

КАЙ ВАРЗИШ БА ҶОИ ФОИДА ЗАРАР ДОРАД?
Зарбаҳои сахт, афтидан, дучор шудан ба садамаҳои автомобилӣ ё ҳаракатҳои ногаҳонӣ метавонанд
боиси пайдоиши чурраи тағоякҳои сутунмӯҳра гарданд. Ҳамчу-нин, фаъолияти ҷисмонии аз ҳад зиёд, мунтазам бардоштани бори вазнин низ хатари фарсудашавии бармаҳали тағоякҳои сутунмӯҳраро
меафзояд. Бахусус, варзишгарони касбӣ, сохтмончиён ва онҳое, ки дар ҷараёни фаъолият корҳои вазнинро анҷом медиҳанд, бештар аз ин маризӣ азият мекашанд.

Ҳар беморӣ аломатҳои хос дорад, ки бо пайдо шуданашон ба табибон бояд муроҷиат кард. Аз ҷумла чархзании сар, дард дар пушти сару гардан, ки дар баъзе мавридҳо он ба тамоми сар паҳн мешавад. Баъдан дарди тоқатфарсо ҷумбондани сару гарданро мушкил месозад.

Садо ва ё занг дар гӯшҳо, дамкӯтоҳӣ, ки монеи чуқур нафас кашидан мегардад, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ, дарди китфҳо, карахтшавии ангуштон, паст шудани биниш ва пайдо шудани доғҳои дурахшанда ё норавшани чашм, хушк шудани гулӯ ва бо душворӣ фурӯ бурдани таом, тағйирёбии фишори хун, ки
бо истифодаи дору назорати он душвор аст ва ҳатто беҳушшавии ногаҳонӣ аломатҳои дигари остеохондроз мебошанд.

ДАР СУТУНМӮҲРА НАМАК ҶАМЪ ШУДАСТ
— Бо пайдошавӣ ва эҳсоси ин аломатҳо бештари одамон иштибоҳан ба табибони дилшинос, асабшинос
ва бемориҳои дарунӣ муроҷиат менамоянд. Ҳодисаҳое низ кам нестанд, ки дар сутунмӯҳра «намак»
ҷамъ шудааст, гуфта, пеши табибони халқӣ мераванд, вале ташхиси рентгенӣ ва томографияи компютерӣ барои равшан ва муайян намудани ин беморӣ самаранок мебошад.

Ҳамчунин, истифода аз томографияи резонанси магнитӣ (МРТ) ва сканкунии дуплексии рагҳои сару
гардан низ барои муйян намудани гардиши хун ва сабаби дарди сар ва чархзании он тавсия дода мешавад,
— мегӯяд табиби нейроҷарроҳ Ҳалим Мухторов.

Ба андешаии Ҳалим Мухторов остеохондроз ва чурраи тағояки байни сутунмӯҳра пурра табобатшаванда набуда, усули консервативӣ имкони беҳискунии дардро дорад.

— Пеш аз ҳама, тарзи ҳаёти солимро бояд интихоб намуд. Машқҳои ҷисмонӣ, серҳаракатӣ ва пешгирӣ аз фарбеҳӣ барои пешгирии ин бемориҳо тавсия дода мешавад.

Дар таҷрибаи корӣ торафт бештар бо кӯдакон ва наврасоне вомехӯрам, ки мубталои ин беморӣ шудаанд. Албатта, сабаб камҳаракатӣ ва истифодаи бардавоми телефону компютер мебошад. Вақте бо дарди шадиди тоқатфарсо бемор ба табиб муроҷиат менамояд, усулҳои консервативӣ ва ҷарроҳӣ истифода
мешавад. Бо доруворӣ дард ором мегардад, вале беморӣ мемонад, -иқрор мекунад Ҳалим Мухторов.

Паймонаи ҶОВИДОН, “Даво”

Мақолаи гузашта

5 рукни комгории Ҳусноро

Мақолаи навбатӣ

Табобати муосири фарбеҳӣ дар Тоҷикистон

user

user

Мақолаи навбатӣ
Табобати муосири фарбеҳӣ дар Тоҷикистон

Табобати муосири фарбеҳӣ дар Тоҷикистон

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

18.06.2026
Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

15.06.2026
Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

14.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ