
Раиси Ассотсиатсияи тибби халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб, раиси Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибон доктор Муллозуҳур Тоҳириро дар Тоҷикистону берун аз он бисёриҳо мешиносанд. Ин нависанда ва олими сермаҳсул дар баробари таълифи китобҳои илмӣ қариб як миллион нафарро табобат карда, ба ҳазорон нафар маслиҳатҳои муфид додааст. Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Муллозуҳур Тоҳирӣ системаи солимгардонӣ ва дарозумриро таҳия намудааст, ки бисёриҳо самаранокию манфиати ин тавсияҳоро таҷриба кардаанд.
Вазифаҳои ҳаррӯза
1. Ҳар субҳ пеш аз ғизо (наҳорӣ) ним литр ва пас аз як соати қабули ғизо 200 милилитр (як истакон) оби ширгарм нўшед. Об беҳтарин доруст.
2. Ҳар рўз (давоми як моҳ) ду маротиба пеш аз ғизо як қошуқи ошхўрӣ асал истеъмол намоед.
3. Ҳар субҳ 15- 20 дақиқа бо машқи ҷисмонӣ машғул шавед (тамоми умр).
4. Дар як рўз ду маротиба бо машқҳои нафас машғул шавед (тамоми умр).
5. Ҳар рўз аз 4 то 10 километр роҳ гардед (тамоми умр).
6. Ҳар рўз то як кило сабзавот, меваҷот ва кабудӣ истеъмол намоед.
7. Ҳар рўз то 30- 40 дақиқа хандаю табассум кунед. Ханда ҳам доруст, инсонро табобат мекунад.
8. Ҳар бегоҳ 15- 20 дақиқа рақс кунед.
9. Ҳар шаб пеш аз хоб чашмҳоро пўшида, аз Худованд барои хатою гуноҳонатон узр пурсед, касеро ранҷонида бошед, фикран аз ў низ узр пурсед. Сипас ибораҳои зеринро такрор намоед: «Ман солим, ман ҷавон, ман хушрўй, ман хушбахт, ман бою бадавлат, ман то 100 сол умри солим мебинам». Касоне, ки бефарзанданд, чунин дуо намоянд: «Ман бо мадади Худованд фарзанддор мешавам».
Вазифаҳои ҳарҳафтаина
1. Ҳафтае як рўз аз соати 8-и субҳ то соати 8-и шом хўрок нахўред. Ҳар соат як истакон об нўшед.
2. Ҳафтае як маротиба 40 грам сулфати магний (английский соль)- ро дар як литр об омехта намуда, дар давоми 10 дақиқа кам – кам бинўшед. Ин намак ҷигар ва талхадонро тоза намуда, фишори хунро муътадил мегардонад.
3. Даҳонро пеш аз хоб ҳафтае бо маҳлули намакоб, ҳафтаи дигар бо сода, ҳафтаи баъдӣ бо равғани растанӣ 3-5 дақиқа чайқонида, ғарғара намоед (тамоми умр).
4. Ҳафтае 2-3 маротиба бо истифода аз 6 литр оби ҳарораташ 37-38 дараҷа гарм ҳуқна (клизма) намоед (тамоми умр).
Вазифаи ҳармоҳа
1. Ду ҳаб (таблетка)- и ангишти фаъол (активированный уголь)- ро се маротиба баъд аз хўрок истеъмол намоед (давоми 5 рўз дар як моҳ).
2. Соле як моҳ ҳамарўза 10 қатра перекиси гидрогенро дар 50 милилитр (чоряки истакон) об омехта намуда, се маротиба пеш аз хўрок бинўшед.
3. Ҳар моҳ давоми 10- 15 рўз дар як истакон шир як қатра йод андохта, пеш аз хоб истеъмол намоед.
4. Ҳар моҳ 21 рўз ҳамарўза се маротиба ду донагӣ сирпиёзро пеш аз хўрок истеъмол намоед.
Вазифа дар ҳар се моҳ (квартал)
1. Ҳар семоҳа давоми 15 рўз 200 грам сабзӣ, 100 грамм лаблабуи сурх ва 200 грамм шарбати кадуро якљоя омехта намуда, ба се ҳисса тақсим намуда, рўзе се маротиба пеш аз ғизо истеъмол намоед.
2. Ҳар семоҳа 10- 15 рўз як қошуқи чойхўрӣ содаро дар як истакон оби ҷўшонида омехта намуда, 2 маротиба баъд аз ним соати қабули ғизо истеъмол намоед.
Фароҳамсоз
С. СУННАТӢ



