
Дар вилояти Хатлон сол аз сол бо ташаббуси соҳибкорон тибби хусусӣ рушду инкишоф ёфта, махсусан дар 10 соли охир ба он торафт бештар таваҷҷӯҳ менамоянд. Аз ин ҷост, ки дар шаҳру навоҳии вилоят даҳҳо муассисаи хусусии ташхису табобат дари худро боз намуда, ба ниёзмандон хизмати арзанда мерасонад.
Яке аз онҳо Маркази ташхису табобатии “Дурахш” дар шаҳри Бохтар мебошад, ки 28 майи соли 2020 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Ба гуфти Олимҷон Пӯлодов, директори марказ, Роҳбари давлат аснои шиносоӣ бо муассиса дастур доданд, ки таҷҳизоти зарурии замонавӣ бештар ворид созанд ва ба сифати кор низ диққат диҳанд.
Имрӯз дар марказ 25 табиби баландихтисос ва корманди миёнаи тиббӣ кору фаъолият намуда, ба ташхису табобати мардум машғуланд. Табибон барои истифодаи босамари таҷҳизоти замонавии дар марказ насбшуда аз курсҳои махсус гузаштанд, — изҳор дошт О. Пӯлодов. Айни замон, ба гуфтаи ӯ дар Маркази тиббии “Дурахш” табибони гинеколог, кардиолог, бемориҳои дарунӣ, осебшинос, уролог, эндоуролог, мутахассиси ултрасадо (УЗИ) фаъолият менамоянд.
Дар муассиса дастгоҳҳои муосири тиббӣ, аз қабили рентгени рақамии ширкати “Siemens”, таҷҳизоти таҳлилу озмоишӣ, УЗИ, ЭЭК, ЭКГ ва физиотерапевтӣ мавриди истифодаанд. Ба қавли Олимҷон Пӯлодов, дар “Дурахш” ҳамчунин 20 кат мавҷуд аст, ки беморон бистарию бо усулҳои нави физиотерапевтӣ табобат мешаванд.
Як нуктаро зикр кардан ба маврид аст, ки роҳбарияти марказ то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти кишвар доираи фаъолияти худро густурдатар карда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят филиалҳои худро кушоданист. Олимҷон Пӯлодов мегӯяд, ки на дар ҳама шаҳру ноҳияи вилоят дастгоҳҳои ташхису табобати замонавӣ мавҷуданд ва мардум барои ташхис ночор ба маркази вилоят ва ё шаҳри Душанбе мераванд, ки ин ҳам саргардонию ҳам хароҷоти зиёд аст. Аз ин хотир, филиалҳои нави марказ ба ҳалли ҳамин мушкили мардум мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамзамон, дар ин ҷо ният доранд, ки ҳамкориро бо дигар муассисаҳои ташхису табобат ва мутахассисони хориҷӣ ба роҳ монанд. Ин имкон медиҳад, ки кормандони “Дурахш” бо истифода аз таҷрибаи ҳамтоёни кишварҳои дигар ҷарроҳиҳои муракабро ба ҷо оранд. Имрӯзҳо гуфтушунид бо мутахассисони эронӣ идома дорад ва шояд вақтҳои наздик чанд нафари онҳо ба марказ ташриф оваранд. Онҳо бешак, бо ҳамтоёни эронӣ иктифо карданӣ нестанд. Албатта, ҳамкорӣ бо кормандони донишгоҳҳои тиббии ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда хоҳад шуд. Аз ҷумла, ҷиҳати табобати бемориҳои урологӣ ва ғайра.
Олимҷон Пӯлодов муътақид аст, ки ҳар соҳибкору ширкат дар баробари фаъолияти тиҷоратӣ барои рушди муассисааш бояд иқдомҳои хайриявӣ низ дошта бошад. Ҳамин аст, ки дар арафаи иду ҷашнҳо ба оилаҳои ниёзманд кумак мерасонанд ва дар фаъолияти ҳаррӯза низ мекӯшанд ба он бемороне, ки шароити молиявияшон мушкил аст, имтиёзу имконияти ташхису табобатро фароҳам оранд. Ҳолатҳое мешавад, ки ройгон низ ташхис мегузаронанд.
Мавриди зикр аст, ки аз оғози фаъолияти Маркази ташхису табобати “Дурахш” панҷ сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат садҳо нафар аз хизмати муассиса истифода карда, шифо ёфтанд.
Ба фаъолияти минбаъдаи кормандони марказ барору комёбӣ хоста, таманнои онро дорем, ки Маркази ташхису табобатии “Дурахш” ба номдортарин муассисаи табобатии кишвар ва берун аз он табдил ёбад!
Сайраҳмон НАЗРИЕВ, махсус барои “Даво



