Ҳарчанд даврони шўравӣ бартариҳои зиёд дошта бошад ҳам, аз он баъзеҳо як одати бадро «мерос» гирифтанд. Ин ҳам бошад май нўшидан дар фарорасии Соли нави мелодист. Алалхусус дар Федератсияи Русия баъди таҷлили Соли нав ашхоси ҳушёрро ёфтан мушкил аст. Қадаҳбардориҳои оддӣ рафта-рафта ба бемории алкоголизм бурда мерасонад.
Аз рўи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ истеъмоли алкогол баъди бемориҳои дилу рагҳо ва саратон дар ҷои сеюм меистад. Се сабаби бузурги марги майпарастон инҳоянд: Якум, заҳролудшавии алкоголӣ. Ҳар сол танҳо дар Русия 30000 нафар аз заҳролудшавии алкоголӣ мефавтанд. Нўшидани 1,5 литр шароб дар зарфи 1 соат меъри марговар барои марди солим аст.
Дуюм, ҳангоми сўиистифода аз нўшокиҳои спиртӣ дар бинобар вайншавии фаъолияти дил марг фаро мерасад.
Сеюм, мастшавӣ боиси гирифторӣ ба фалокатҳои маишӣ, лаѓжидан, сармозанӣ, ѓарқшавӣ, барқзанӣ ва садамаи нақлиётӣ мегардад.
Дар 65% мардон заифшавии нерўи ҷинсӣ ба истеъмоли машруботи спиртӣ вобастагӣ дорад. Мардони истеъмолкунандаи май аз ашхосе, ки май намехўранд 15% камтар умр мебинанд. Шахси майзада мавқеи худро дар ҷомеа аз даст дода, дар назди зану фарзанд ва хешовандон муттаҳаму сархам мешаванд. Фарзандон аз ў ҳазар мекунанд. Агар зан ба шароб одат кунад, даҳшат дучанд мешавад. Чунончӣ, истеъмоли машруботи спиртӣ ҳангоми ҳомиладории зан ба вайроншавии нафаскашии тифл сабаб шуда, боиси пайдошавии фалаҷ, эпилепсия, камақлии модарзодӣ ва дигар бемориҳо мегардад.
Ба гуфтаи олимони тиб дар оилаи ашхоси майнўш 43,9 дар сади кўдакони навзод мемиранд ва 38,6 дар сади онҳо нокифоя инкишоф ёфта, бемор мешаванд.
Як духтури бачагона аз Швейтсария аз таҷрибааш ҳодисаеро чунин нақл кардааст. Боре ўро барои ташхиси тифли шашмоҳае даъват намуданд, ки рўзҳои муайяни ҳафта (душанбе ва панҷшанбе) бемории саръ (припадка) авҷ мегирифт. Дар дигар рўзҳо кўдак солим буд. Вақте ба кўдак зани дигар шир дод, ҳодисаи мазкур рўй надод. Духтур муайян кард, ки модари тифл ҳафтае ду рўз (якшанбе ва чаҳоршанбе) рўзи истироҳат дошта, дар ин айём шароб менўшидааст. Аз ин рў, шароб рўзи дигар ба шири модар таъсир карда, боиси сар задани саръ мегардидааст. Вақте ба тифл шири модари солимро доданд, дар ў дигар рагкашӣ мушоҳида нашуд.
Аз рўи мушоҳидаи табибон қариб 90% кўдаконе, ки гинетори оризаҳои равонию ҷисмонианд, волидайнашон майзада аст. Муайян шудааст, ки бемориҳои дилу рагҳо дар ашхоси машруботи спиртӣ истеъмолкунанда нисбат ба наменўшидагиҳо 22 маротиба зиёд мебошад.
Емориҳои эпилепсия (саръ), шизофрения, истерия, психопатия, неврастения ҳангоми истеъмоли май вазнинтар гузашта, табобат намешаванд. Вазнинтарин оқибати алкоголизми музмин камақлӣ аст. Бо таъсири машрубот мубодилаи моддаҳо дар ҳуҷайраҳои маѓзи сар таѓйир меёбад. Фаъолнокии маѓзи сар, ки ба рафторҷавобгаранд паст мешавад. Рафта-рафта дасти майпараст ларзонак шуда, қувваи биноӣ ва шунавоиаш паст мегардад. Аз таъсири алкогол узвҳои ҳозима осеб мебинад. Гастрит, панкреатит, захми меъда, дарди ҷигар ва дигар бемориҳо домангири ашхоси майзадаанд.
Ҳазрати Муҳаммад (с) шаробро модари нопокиҳо ва калиди бадиҳо шумурдаанд. Зеро шароб ақл ва шарму ҳаёро аз байн мебарад. Орифе фармудааст:
Тамоми фисқу исён аз шароб аст,
Касонро чашми гирён аз шароб аст.
Шароб ин хамри нопокест, медон,
Ба дил сад оҳу афѓон аз шароб аст.
Тавре маълум гардид, заҳри шароб мардро аз нерўи мардӣ ва занро аз қобилияти таваллуд солим маҳрум месозад. Ҷавонони зебову нерўманд бо таъсири шароб сустиродаву заиф ва беобрў мешаванд.
Ба гуфтаи шоир:
Писароне, ки бадхоҳ шаванд,
Аз майи сурх рўсиёҳ шаванд.
Оқилонро зарур аст, ки худу фарзандон ва наздиконро аз ин манбаи фисқу исён ва душманию беморӣ нигоҳ доранд.
С. Наҷмиддинзода.
Шири гов норасоии витамини Д-ро рафъ мекунад.
Олимон дар хусуси фоидаовар ё зарарнок будани шири гов фикри ягона надоранд. Баъзеҳо ақида доранд, ки он метавонад боиси аллергия шавад. Дигарон шири говро беҳтарин моеъи физиологӣ барои ҷисм мешуморанд.
Таҳқиқоти охир нишон дод, ки истеъмоли шир хатари авҷгирии норасоии витамини Д-ро бартараф мекунад. Витамини Д яке аз моддаҳои асосӣ барои инкишоф ва шаклгирии бофтаҳои устухону мушакҳо ба ҳисоб меравад.
Мутахассисон миёни 3821 нафар кўдакони солими аз як то шашсола таҳқиқот гузарониданд. Аз онҳо 87 дар садашон ҳамарўза шири гов истеъмол менамуданд. Боқимондаҳо (13%) умуан шири гов намехўрданд.
Таҳқиқот нишон дод, ки кўдакони шири говистеъмолкунанда ду маротиба бештар ба норасоии витамини Д гирифтор шуданд. Мутахассисон чунин меҳисобанд, ки дар сурати бардошт карда натавонистани шири гов ба кўдак ягон маҳсулоти дигари ҳамин гуна фоидадошта додан лозим аст.
С. Сайфиддин.