• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Вируси папилломаи одам илоҷи табобат дорад?! 

от user
в Пешгирии бемориҳо
0

Вируси папилломаи одам (ВПО) аз паҳншудатарин вирусест, ки ба пўсти бадан ва луобпардаи узвҳои таносул таъсири номатлуб мерасонад. Хавфи асосияш ангехтани омосҳои безиён ва зиёндор мебошад ва дар ниҳояти кор метавонад ба саратон табдил ёбад. Зиёда аз 200 намуди вируси папиллома муайян карда шудааст.

ВИРУСҲОИ ПАПИЛЛОМАИ ОДАМ ЧӢ ГУНА МЕШАВАНД?

Онҳо ба ду гурӯҳи калон тақсим мегарданд:

• Папилломаҳои камхавф, ки сабаби бемориҳои сабуканд: озахҳо ва табхолҳо. Онҳо аксар вақт намудҳои 6 ва 11 мебошанд.

• Папилломаҳо бо хатари онкогенӣ, ки ба саратони узвҳои гуногун оварда мерасонанд. Хатарноктаринашон намудҳои 16 ва 18 маҳсуб меёбанд.

Бояд гуфт, ки нақши махсусан калони вируси папиллома дар пайдоиши саратони гарданаки бачадон исбот шудааст. Яъне, ин ягона намуди саратон мебошад, ки сабаби пайдоишаш маълум аст ва илоҷи пешгирӣ ҳам дорад. Аз ин рӯ, барои занҳо барномаҳои скринингӣ таҳия шудаанд, ки имкони ошкорсозии тағйироти вирусро дар марҳилаи аввали он медиҳанд.

ВПО ЧӢ ТАВР МЕГУЗАРАД?

Барои сироятёбӣ тамоси бевоситаи пӯст ва луобпардаҳо зарур аст — берун аз бадан вирус зуд мемирад. Роҳи асосии сироятёбии намудҳои онкогенӣ — алоқаи ҷинсии беҳимоя мебошад. Инчунин, метавонад алоқаи ҷинсии маҳбал, мақъад, даҳонӣ, истифодаи бозичаҳои маҳрамона бошад. Осебҳои микроскопӣ, ҷароҳатҳои бурида, ҷароҳатҳои пӯст сироятёбиро осон мекунанд. Рифола ҳангоми ҷимоъ хатарро коҳиш диҳад ҳам, аммо комилан муҳофизат намекунад, зеро вирус метавонад дар дигар ҷойҳо бошад.

Ҳангоми сироятёбӣ дар 10 дарсади занҳо дисплазияи гарданаки бачадон инкишоф меёбад. Марҳилаҳои ибтидоиро ҳангоми муоинаи оддӣ муайян намудан душвор аст, аммо тавассути колпоскопия хуб ошкор мешаванд. Дараҷаи сабук, одатан, худ аз худ мегузарад, дисплазияи шадид бошад, ҷарроҳиро талаб мекунад, зеро эҳтимоли зиёди ба саратон табдил ёфтан вуҷуд дорад.

Намудҳои камхавфи ВПО метавонад дар муҳити зист, ҳангоми тамос бо шахсе, ки озах дорад, масалан, ҳангоми дастфишорӣ, истифодаи ашёи умумии гигиенӣ гузарад. Ҳатто кӯдакони навзод мумкин аст ҳангоми таваллуд аз модар вирус гиранд.

ВПО КАЙ ВА ДАР КУҶО ПАЙДО МЕШАВАД?

Воридшавии вируси папиллома ба бадан на ҳамеша ба беморӣ оварда мерасонад: тақрибан дар 80 дарсади ҳолат он ягон нишонае нахоҳад дошт ва бидуни осор мегузарад. Хатар бо заъфи масъуният, ҳомиладорӣ, вайроншавии микрофлора, синни барвақтии алоқаи ҷинсии аввал, алоқаи бетартиб, тамокукашӣ боло меравад.ВПО-ҳои онкогенӣ, одатан, дар пӯст ва луобпардаҳои ҷойҳои маҳрамона тағйироти назаррасро

ба вуҷуд меоранд:

• кондиломаҳои нӯгтез;

• озахҳои оддӣ, наврасӣ ва зери пошна;

• папилломаҳо дар роҳҳои нафас.

Кондиломаҳои узвҳои таносул зуҳуроти маъмултарини вирус мебошанд. Маъмулан, дар лабия, клитор, даромадгоҳи маҳбал ва гарданаки бачадон дар занон, дар сарак ва пӯсти олоти мардона ё мояи мардон ҷойгир мешаванд. Инчунин, метавонанд дар атроф ё дар дохили уретра, мақъад, дар қисмҳои поёнии рӯдаи рост, дар даҳон пайдо шаванд. Кондиломаҳо одатан ташвиш намедиҳанд. Баъзан эҳсоси сӯзиш, нороҳатӣ ҳангоми пешоб, дард ҳангоми алоқаи ҷинсӣ, хунрезӣ аз роҳи ҷинсӣ ба назар мерасад.

Аксар вақт ВПО боиси пайдоиши озахҳо дар кафи дасту пой мегарданд. Онҳо дард намекунанд. Папилломаҳо дар роҳҳои нафас аҳёнанд ва сабабгори вайроншавии нафаскашӣ ва хиррос мешаванд.

АГАР ВПО ЁБАНД, ПАС ОДАМ САРАТОН ШУДАСТ?

Не. Ошкорсозии вируси папиллома танҳо маънои хатари рушди эҳтимолии раванди саратонро дорад. Барои пайдоиши бемории саратон омилҳои дигар низ лозиманд. Баъд ин ки то ба саратон табдил ёфтани вирус метавонад чандин сол гузарад. Аз ин рӯ, бо муоинаи саривақтӣ ин хатари марговарро пешгирӣ кардан мумкин ва зарур аст.

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ САРАТОН ЗАНҲО АЗ КАДОМ МУОИНА БОЯД ГУЗАРАНД?

Ҳама занони солим дар синни 30-солагӣ, ки аз саломатӣ шикояте надоранд, бояд барои саратони гарданаки бачадон аз скрининг (тадқиқоти лабораторӣ) гузаранд. Агар вируси папиллома ошкор нашуд ва ситология муқаррарӣ бошад, пас скрининги навбатӣ пас аз 3-5 сол гузаронида мешавад. Аммо дар сурати пайдо шудани ягон шикоят, ба монанди хуноба пас аз алоқаи ҷинсӣ, аз ин тадқиқот бояд бидуни таъхир гузашт. Агар натиҷаи таҳлил мусбат барояд, барои ин муоинаи ҳамасола зарур аст.

Инчунин, вақте намудҳои 16 ва 18 ошкор гарданд, беморро барои колпоскопия мефиристанд, ки дар натиҷаи он оид ба зарурати биопсия қарор қабул мекунанд.

ВПО БАРОИ МАРДҲО ҲАМ ХАТАРНОК АСТ?

Аксар вақт мардҳо ҳомили вируси папиллома мебошанд. Намудҳои онкогении ВПО метавонанд саратони олоти мардона ва минтақаи маъқадро ба вуҷуд оранд. Бояд зикр кард, ки ин беморӣ дар мардҳо дар муқоиса бо сатҳи саратонии гарданаки бачадон дар занҳо хеле кам ба назар мерасад.

ВПО ИЛОҶИ ТАБОБАТ ДОРАД?

Айни замон барои муолиҷаи ин вирус ягон дору вуҷуд надорад. Иммуномодуляторҳо, антивирусҳо ва дигар доруҳо самаранокии исботшуда надоранд. Аз ин рӯ, на худи сироят, балки ҳолатҳои алоқаманд — дисплазия, кондиломаҳо, озахҳо, папилломаҳо тавассути ҷарроҳӣ табобат карда мешаванд.

ОЁ ВИРУСИ ПАПИЛЛОМА БИДУНИ ДАВО НЕСТ МЕШАВАД?

Хушбахтона, дар 90 дарсади ҳолатҳо вирусҳои камхавфи папиллома бе ягон табобат дар муддати аз 1,3 моҳ то 3,5 сол худ аз худ нест мешаванд. Зимнан, муддаташ аз намуди ВПО вобаста аст.

ОЁ ВОСИТАИ ПЕШГИРИИ СИРОЯТИ ВПО ҲАСТ?

Бале, ин ваксинаи дувалентӣ ва чорвалентӣ мебошад. Якумӣ барои пешгирии сироятёбии намудҳои 16 ва 18 истифода мешавад, дуюмӣ бошад, аз вирусҳои 6 ва 11 низ муҳофизат мекунад. Дар сурати мавҷуд будани ҳолати пешазсаратонӣ ваксина метавонад гузариши беморӣ ба марҳилаи шадидтарро пешгирӣ кунад. Ваксина, пеш аз ҳама, эҳтимолияти онро, ки шахс ҳомили ВПО мешавад, коҳиш медиҳад, дар натиҷа вай ба шариконаш бехавф мегардад.

ВАҚТИ БЕҲТАРИНИ ВАКСИНАГИРӢ КАЙ АСТ?

То оғози ҳаёти ҷинсӣ, яъне то он даме, ки шахс бо вирус тамос нагирифтааст. Синни мусоиди ваксинагирӣ 9-13 — солагӣ ҳисобида мешавад. Курс аз се воя иборат буда, якумаш пас аз 2 моҳ, дуюм ва сеюмаш шаш моҳ пас аз якум гузаронида мешавад.

Махсус қайд кардан мехоҳам, ки моҳи октябри соли равон дар ҷумҳурӣ маъракаи ниҳоят муҳим — иммунизатсия зидди вируси папилломаи одам бо фарогирии духтарони 10-14-сола сурат гирифт. Бо ин мақсад ваксинаи чорвалентаи амрикоии “Гардасил” ба кор бурда шуд. Ин ваксина қариб 20 сол инҷониб дар амалияи ҷаҳонӣ қарор дорад. Аз пажӯҳишҳо оид ба натиҷаи истифодаи ваксинаи мазкур бармеояд, ки он комилан бехатару самарабахш аст.

Ин ваксина шахсро аз якчанд намуди вируси папилломаи одам, ки онҳо боиси пайдоиши осебҳои пешазсаратонии маҳбал, узвҳои берунаи таносули занона, мақъад, кандиломаҳои аногениталӣ ва саратони гарданаки бачадон шуда метавонанд, муҳофизат мекунад.

Тадқиқотҳои илмӣ нишон додаанд, ки ин ваксина ягон оризаи дарозмуддат ва таъсири манфӣ надошта, ба солимии наслии занон ва раванди ҳомила зарар намерасонад.

Лола Аҳрорқулова,

сардори шӯъбаи тибби оилавии МСШ №2 и

Озода Рачабова, арноз Зикриёева,

табибони оилавии МСШ №2

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Агар дар ҷисм оҳан нарасад…

Мақолаи навбатӣ

Продукты, которые помогут очистить артерии

user

user

Мақолаи навбатӣ
Продукты, которые помогут очистить артерии

Продукты, которые помогут очистить артерии

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

18.06.2026
Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

15.06.2026
Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

14.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ