
Барои пешгирӣ намудани бемории зуком ё бемориҳои роҳи нафас дар тӯли рўз якчанд маротиба миқдори хурди шохча ё барги элеутерококк ё решаи шамшергиёҳро хоидан зарур аст.
Дар ғизо истеъмол намудани каҳзак (хрен), сир, пиёз, инчунин чой аз гули зерфун бо асал, тамашк бо лиму, қоти сиёҳ ва калина тавсия дода мешавад.
ХАРДАЛ
Дар оғози шамолхӯрӣ метавон бар зидди беморӣ ба воситаи ваннаи гарм, бо иловаи хокаи хардал раҳоӣ ёфт. Хуб мешуд, даст ва пойҳоро дар буғ гиред. Давомнокияш бояд 15 дақиқа бошад.
КАРТОШКА
Ҳангоми табобати зуком ё бемориҳои роҳҳои нафас бо роҳи дар буғ гирифтан кумак менамояд. Бояд дар зарф оби тоза ва пӯстҳои картошкаро гузошта ҷўшонед. Пасон бо эҳтиёт даҳони зарфро кушоед то ки насўзед ва дар буғи он ба муддати 10 дақиқа нафас гиред.
КАЛИНА БО АСАЛ
Обҷўши калина бо асал хусусияти балғамронию арақкунӣ дорад, ки барои мубориза бо бемориҳои шамолхӯрӣ ёрӣ мерасонад. Як қошуқча (гул ё меваи) калинаро гирифта, як истакон об илова карда, 10 дақиқа ҷўшонед. Пасон хунук карда, полонед. Обҷўшро як қошуқчаӣ рўзе се маротиба истеъмол намоед.
МУМИ АСАЛ
Муми асал ҳангоми ангина ва варами шушҳо кумак мекунад. 10 грамм муми асал ва 100 грамм равғани растаниро гиред. Равғанро дар зарфи сирдор то 60 дараҷа гарм намуда, ба он муми хурдкардаро илова намоед ва то гармии 70 дараҷа ба муддати 10 дақиқа беист кофта истед. Маҳлули омодашударо бояд аз як қабати дока полонид. Дар як рўз се маротибаӣ дар ҳолати хунуккардашуда ним соат пеш аз хўрок бо нўшидани шири гарм истеъмол намоед.
МУҒЧАҲОИ САНАВБАР
Чунин усули халқӣ ҳангоми табобати шамолхӯрӣ ва сулфаи давомнок таъсири хело хуб дорад. Як қошуқча муғчаҳои хушккардаи санавбарро дар ним литр об ба муддати 30 дақиқа ҷўшонед ё ин ки дар термос бо обҷўш ба муддати 4 соат нигоҳ доред. Қиёми омодашударо на кам аз як моҳ бо як миқдори муайян бояд истеъмол кард. Ин доруи мунаффасу нимвитаминдор воситаи хубест. Инчунин, хело хуб барои табобати кўдакон ва калонсолон ёрӣ мерасонад. Миқдори хўрдани як шабонарўзии кўдакон як истакон, калонсолн бошад бояд 500 миллилитр нўшанд. Асал ё шакар илова намудан мумкин. Муҳим пас аз хўрок дар ҳолати гарм истеъмол намудан лозим.
ҚИЁМИ АЛАФИН
Баргҳои шанбалид, гиёҳи кокутӣ, гули зерфун, мағзи даруни гиёҳи бўйимодарон, барги марминҷон, гул ё меваи тамашк. Аз ҳамаи ин гиёҳҳо 10 граммӣ гирифта, бо ҳам омехта намуда, ба он як истакон оби ҷўшро илова намуда, дар термос ба муддати 5-6 соат дам медиҳем. Сипас, полонида, аз рўи нақша нўшокии гармро ним пиёлагӣ 30 дақиқа пеш аз хўрок истеъмол намоед.
Таҳияи М. ДАВЛАТОВА



