• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Панҷ усули рафъи стресс

от user
в Равоншиносӣ
0

Ҳарчанд шароити зист вобаста ба пешравии технология осон шуда бошад ҳам, ташвишу асабоният кам нагаштааст. Стресс ҳар рӯз домангири ҳар яки мост. Бо кадом усул стрессро рафъ намудан беҳтар аст?

Дар Таиланду Ҳиндустон иддае стрессро тавассути масҳ намудан бо мор рафъ мекунанд. Ба пушти бараҳнаи мизоҷ 5-6 морбаччаро сар медиҳанду онҳо ин сӯю он сӯ хазида, баҳри оромшавии асаби шахс мусоидат менамоянд. Дар Чехия бошад, шахси дучори асабонияту стресс 20 дақиқа дар ваннаи пур аз пиво истироҳат карда, худро орому хушдимоғ ҳис мекунад. Ин гуна усулҳои ғайримуқаррарии оромсозии асаб зиёданд.

Олимони равоншинос 5 усули рафъсозии стрессро тавсия медиҳанд:

  1. ДОД ЗАДАН

Равоншиносон чунин меҳисобанд, ки дар вуҷуди ҳар яки мо эҳсосоти зиёди манфӣ, ба монанди ғазаб, қаҳр, ранҷиш, норозигӣ ва ғайра ҷамъ ҷамъ мешавад. Вале мо кӯшиш мекунем, ки ин эҳсосотро боздошта, ба берун баромадан намемонем. Барои ҳар коре дастбагиребон шудан нишонаи оқилӣ нест. Эмотсияҳои хомӯшкардашуда боиси тарангшавии торҳои асаб мегардад. Равоншиносон дар чунин ҳолат маслиҳат медиҳанд, ки бо тамоми овоз дод занем.

Дар Амрико, Япония ва Чин сеансҳои табобатӣ тавассути дод задан мавҷуд аст. Дар мо ин гуна табобат маъмул нест. Дар хона дод задан айб аст, аммо илоҷаш ҳаст. Дару тирезаи мошинро маҳкам карда, ё ба ҷангал рафта, бо тамоми овоз суруди дӯстдоштаатон (масалан “Зиндагӣ чист?” ва ё “Танҳо шудам, танҳо”-и Аҳмад Зоҳир)-ро хонед. Дере нагузашта эҳсос хоҳед кард, ки чӣ гуна сабук шудаед. Беҳуда гузаштагонамон ҳангоми дараву гандумкӯбӣ “Майдаё, майда”-ро намехонданд. Барои сурудхонии дилхоликунанда хуб будани садо шарт нест. Муҳим он аст, ки дилатонро холӣ мекунед.

  1. ДАРЗМОЛ КАРДАН

Дарзмол кардан асабҳои аз эмотсияҳои зиёду ҷамъгашта хасташударо ором менамояд. Ин ҷо гап дар сари ҳаракатҳои якхелаи даст меравад. Рӯйпӯши бистар ё куртаро гирифта дарзмол кардан, овехтан, ё таҳ карда гузоштан, дигарашро гирифтан ва ѓайра.

Кори оддии механикӣ системаи асабро сабук мегардонад. Ба боғ ё киштзор об мондан, байни қаторҳоро нарм кардан, алафҳои бегонаро чидан низ ҳамин натиҷаро дорад. Аммо кор бояд миёншикан набошад, вагарна “болои сӯхта намакоб” мешавад. Ҳангоми кори механикӣ пастакак мусиқии орому рӯҳбахш гӯш кардан низ муфид аст. Масалан, сурудҳои “Дур аз ту шамъи маҳфилам”, “То ба ҷафоят хушам”, “Дӯстат дорам ҳамеша”…-и Аҳмад Зоҳир ё сурудњои классикї ва ё дигари табъи дилатон ба оромшавии асаб мусоидат мекунанд.

  1. РӮБУЧИНИ ХОНА

Рӯбучини хона мисли варзиш барои ихроҷи эндорфинҳо (ҳормони хушбахтӣ) мусоидат менамоянд. Ҳангоми ба тартиб даровардани хона мо ашёи заруриро ба ҷои намоён мегузорему ашёи нолозимро мепартоем. Дар масъалаи эҳсосот низ ҳамин тавр бояд кард. Кина, кудурат, ҳасад, буғз, хашму ғазабро берун кунеду сабру тамкин, хушниятӣ ва қаноатро дар дил ҷой диҳед.

  1. ФАЪОЛ КАРДАНИ ТОРҲОИ АСАБ

Қаламеро гирифта, байни кафҳоятон гузореду бо ҳаракати кафҳо онро 5 дақиқа “ғелонед”. Сипас бо навбат пушти кафҳоятонро низ бо қалам “масҳ” кунед. Бо кафи бараҳнаи пой болои рег (қум) ва хоки нарм пиёда гаштан низ торҳои хасташудаи асабро фаъол мегардонад.

  1. БА ОТАШ НИГАРИСТАН

Ба гуфтаи олимон, нигаристан ба оташ ба пастшавии фишори хун мусоидат мекунад. Шамъеро фурӯзон карда, чароғро хомӯш созеду чанд дақиқа ба он нигариста, андешаҳои бадро дур намоед. Сипас якчанд дақиқа чашмонатонро пӯшида, чуқур нафас кашед. Шумо эҳсос хоҳед кард, ки изтироб ва андешаҳои торик вуҷудатонро тарк месозанд.

ПАРҲЕЗ

Машруботи спиртӣ стрессро меафзояд. Баъзеҳо гумон мекунанд, ки машруботи спиртӣ асабро ором менамояд, вале баръакс, он боиси тарангшавии торҳои асаб мегардад.

Хоби аз 9-10 соат зиёд низ боиси беҳолӣ, дарди шақиқа (нимсара, мигрен) мешавад.

 

Фароҳамсоз: С.АМИНИЁН.

 

 

Мақолаи гузашта

Афсурдагӣ (депрессия)

Мақолаи навбатӣ

Тарзи солимии ҳаёт

user

user

Мақолаи навбатӣ
Тарзи солимии ҳаёт

Тарзи солимии ҳаёт

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ