
Дар рӯзҳои охир дар гурӯҳҳои “WhatsApp” як навори овозӣ ва видеоӣ паҳн шудааст, ки дар он иддао мешавад гӯё баъди истеъмоли доруи “Албендазол” дар ноҳияи Фархор чанд нафар хонандагон бо ҳолати вазнин ба беморхона бистарӣ шудаанд.
Мақомоти соҳаи тандурустии ноҳияи Фархор ин иттилоъро рад намуда, изҳор доштанд, ки ягон ҳолати муроҷиат ё бистаришавии шаҳрвандон вобаста ба истифодаи ин дору ба қайд гирифта нашудааст. Ба гуфтаи онҳо, маъракаи бекирмгардонӣ тибқи талаботи муқарраргардида дар байни кӯдакони синни 7 то 14 сола идома дошта, ягон ҳолати нохуш ба мушоҳида нарасидааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин маводро мавриди таҳлил қарор дода, муайян кардааст, ки навор умуман ба ноҳияи Фархор рабт надорад. Маълум шуд, ки он дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сабт гардидааст.
Тибқи хулосаи табибон, кӯдаке, ки дар навор дида мешавад, на аз таъсири дору, балки бар асари бемории диабети қандии навъи 1, ки хусусияти ирсӣ дорад, худро бад ҳис кардааст.
Бо дарназардошти ин, мақомоти тандурустӣ аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накарда, танҳо ба иттилооти расмӣ такя намоянд.
Қобили зикр аст, ки маъракаи бекирмгардонӣ бо истифода аз “Албендазол 400 мг” дар доираи барномаи давлатии ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои гелминтӣ гузаронида шуда, ҳадафи он беҳтар намудани саломатии кӯдакони синни мактабӣ мебошад.



