
Мусоҳиба бо сардухтури Маркази бемориҳои чашми вилояти Хатлон Ҷамолиддин НУРАДДИНОВ
-Дар оғоз мегуфтед, ки алҳол дар вилоят чанд муассисаи тиббӣ ба беморони чашм хизмат мерасонад?
— Соли равон дар вилоят ташхису табобати ин беморӣ дар ду маркази вилоятӣ дар шаҳрҳои Кўлобу Бохтар, ду шўъба дар ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ ва Шаҳритус, катҳои бемориҳои чашм дар сохторҳои госпиталии ноҳияҳои Данғара, Панҷ ва Қубодиён, ҳуҷраҳои бемориҳои чашм дар марказҳои саломатӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шудааст. Шумораи умумии табибони чашм дар онҳо 39 нафарро ташкил медиҳад.
Маркази вилоятии бемориҳои чашми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар дорои 50 кат буда, 40 кат барои калонсолон ва 10 кат барои кўдакон таъин шудааст. Дар беморхона 55 корманд фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 7 нафар табиб ва 21 нафар ҳамшираи шафқат буда, боқимонда кормандони ёрирасон мебошанд.
Табибони марказ ҳар моҳ тибқи нақша ба шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар намуда, фаъолияти кории табибони чашм ва ҳамшираҳои тиббиро санҷида, ба онҳо ёрии амалии методӣ мерасонанд. Соли равон чунин санҷишҳо дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Ҷайҳун, Восеъ, Фархор, Дўстӣ, Хуросон, Ёвон, А. Ҷомӣ, Вахш, Кўшониён, Ҷ. Балхӣ, шаҳрҳои Кўлоб, Левакант ва Норак гузаронда шуд.
Дар худи марказ хизматрасониҳои тиббӣ дар дармонгоҳ ва шўъбаи бистарӣ (шифохона) расонида мешавад. Дармонгоҳ якошёна буда, аз қабулгоҳ, ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, табибон, ҷарроҳӣ, муолиҷаи физиотерапевтӣ ва озмоишгоҳ иборат аст, ки бо ҳама лавозимоти тиббӣ таъмин мебошад.
Соли равон ба 53 бемор тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, таҳти №600 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ » ройгон хизмат расонда шуд.
— Оё дар муассисаҳои табобатӣ мутахассисон мерасанд? Дараҷаи касбияти табибон чӣ гуна аст?
— Аз рўйи дараҷанокии касбӣ 13 мутахассис дорои дараҷаи олӣ, 2 нафар соҳиби дараҷаи якум ва 6 нафар дорои дараҷаи дуюми касбӣ мебошанд. Боқимонда 18 нафар мутахасисони ҷавон мебошанд, ки собиқаи кориашон то 5 сол аст. Дар ноҳияҳои Кўлоб, Ш. Шоҳин, Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалик аз сабаби набудани табиби чашм хизмати тиббӣ ба аҳолии ин ноҳияҳо ба зиммаи Маркази вилоятии бемориҳои чашм дар шаҳри Кўлоб гузошта шудааст.
— Мардум бештар бо кадом бемориҳои чашм муроҷиат мекунанд?
— Аксаран бо чашмпарда (катаракта), бемории оби марворид, наздикбинӣ, блефарит, пардаи болгунӣ ва дакриосистит.
— Таъминот бо таҷҳизоти муосир чӣ гуна аст?
— Ҳуҷраҳои бемориҳои чашм ва дармонгоҳҳо бо биомикроскоп, офталмоскоп, фишорсанҷи Маклаков, маҷмӯи шишаҳои ойинагӣ, авторефрактометр, АВ–скан, пневмотонометр ва таҷҳизоти Рота муҷаҳҳазанд. Соли равон ба ҳуҷраи бемориҳои чашми Маркази саломатии калонсолони шаҳри Бохтар дастгоҳи ҳозиразамони лазери сабз барои табобати беморон дастрас гардид.
Яке аз калонтарин муассисаи хизматрасонии тиббӣ Маркази вилоятии бемориҳои чашм дар шаҳри Кўлоб ба шумор меравад, ки дар бинои дуошёна ҷойгир аст. Дар ошёнаи якум дармонгоҳ ва дар ошёнаи дуюм шўъбаи муолиҷавӣ ҷойгир аст. Марказ ба беморони чашми ҳама ноҳияи минтақаи Кӯлоб ёрии тиббӣ мерасонад. Дармонгоҳ бо ҳама лавозимоти зарурӣ барои муоина ва табобат, аз ҷумла офталмоскоп, дастгоҳи Рота, тонометри Маклаков, ҷадвалҳои сиоскопӣ, дастгоҳи чароғаки роғдор, дастгоҳи БОП-56 барои равшандиҳии шабакия, микроскоп барои микроҷарроҳии чашм, маҷмӯи асбобҳо барои микроҷарроҳӣ, электрофорез ва автоклав таъмин мебошад.
— Одатан калонсолон ба духтурони чашм муроҷиат мекунанд. Оё миёни муроҷиаткунандагон ҷавонон низ ҳастанд?
— Хушбахтона, хеле кам. Чанд рақам меорам, худ қазоват кунед. Дар 9 моҳи соли равон ба дармонгоҳи шаҳри Бохтар 4450 бемор аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон муроҷиат кард, ки аз ин 1995 нафар зан ва 2205 нафар мард аст. Дар ин миён ҳамагӣ 250 нафар то 18-сола мебошанд.
— Ҳамчун мутахассис ба хонандагони маҷаллаи “Даво” барои солимии чашм чӣ тавсия медиҳед?
— Аксар вақт нури чашм бо сабабҳои ба назар ноаён, ба монанди аз ҳад зиёд бо телефону компютер кор кардан, аз радиатсияи нурҳои ултрабунафш, таъсири косметика, чанг зарар мебинад. Аз рӯйи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон ҳадди аққал 2,2 миллиард нафар нуқсонҳои биноӣ доранд. Ҳол он ки тақрибан дар нисфи ҳолатҳо бо риояи гигиенаи чашм мушкилотро пешгирӣ кардан мумкин буд.
Барои коҳиш додани сарбории кор бо компютеру телефон, муҳофизати чашм аз омилҳои беруна ва пешгирии бемориҳо ин тадбирҳои оддию осон муҳиму муфиданд:
1. Ба ҳисоби миёна баъди ҳар як соати кор ё мутолиа бояд 15 дақиқа истироҳат кунед. Дар ин муддат диққати худро ба дигар ашё равона ё гимнастикаи чашм кардан муфид аст.
2. Барои роҳ надодан ба миопия ё синдроми хуш-кии чашм ҳангоми хондан, истифодаи гаҷетҳо ё тамошои телевизор сатҳи рӯшноиро риоя кардан муҳим аст. Агар нури табиӣ кофӣ набошад, лампаи нури сафедро истифода баред. Монитор бояд аз чашм 50-70 сантиметр дур ва каме поёнтар аз хати чашм бошад. Ҳангоми кор дар сари миз қомат ва сарро рост нигоҳ доред — ин шиддат ва стрессро коҳиш медиҳад.
3. Зимни кор дар истеҳсолот, озмоишгоҳҳои кимиёӣ ё ҳангоми таъмир аз айнаки муҳофизатӣ истифода баред. Ҳеҷ гоҳ чашматонро бо дастони ифлос намолед. Агар дар чашм дарде эҳсос шавад, ҳатман ба духтури чашм муроҷиат кунед.
Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ, “Даво”



