
Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро бе фаъолияти марказ ва хонаҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббиву амбулаторияҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро саҳми онҳо низ дар беҳдошти саломатии мардум хеле назаррас мебошад.
Маркази саломатии “Сирдарё” -и Ҷамоати деҳоти Ёва, ки тобеи Шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Бобоҷон Ғауфров мебошад, аз қабили он марказҳоест, ки ҳамарӯза дар хизмати мардуманд. Ин боргоҳ соли 1985 мавриди истифода қарор гирифта, айни ҳол ба 11577 нафар аҳолии маҳаллаҳои Зарбоғ, Боғи Боло, Чашмаи ҳаёт ва Чаманзор хизмати тиббӣ мерасонад. Ҳамчунин, хонаҳои саломатии Боғи боло, Чашмаи ҳаёт ва Чаманзор низ тобеи ин маркази саломатӣ мебошанд. Дар инҷо 3 нафар духтури дараҷаи олӣ ва 17 нафар мутахассисони миёнаи тибб фаъолият мебаранд. Миёни онҳо духтурони амрози занона, оилавӣ, бачагона низ ҳастанд, ки ба дарди мардум дармон мебахшанд ва мушкилоташонро осон мекунанд.
-Аксар маврид бо бемориҳои роҳи нафас, камхунӣ, хасташавии асаб ва кирми меъда муроҷиат мекунанд. Дар мавсими зимистон бошад бештар шахсони гирифтори бемории зуком, бранхит, ангина, гайморит ва шамолхӯрӣ ба марказ меоянд. Мо барои муолиҷаи онҳо маслиҳатҳои тиббӣ медиҳем,- мегӯяд Мирзорауф Ҳошимов, сардухтури марказ, ки ҳамзамон вазифаи табиби оилавиро низ ба уҳда дорад. Мавсуф собиқаи 25- солаи корӣ дошта, духтури дараҷаи олӣ ва “Аълочии соҳаи тандурустӣ” мебошад.

-Маркази мо, ки 40 сол инҷониб фаъолият мебарад, бе шакку шубҳа дорои як қатор мушкиливу норасоиҳо буд. Аз ҷумла, гузаронидани шабакаи об ва хатти барқ мушкилии асосии марказ маҳсуб меёфт. Ҳамакнун, як моҳ мешавад, ки бо кӯмаки шарикони рушд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар марказ 18 адад панели офтобӣ бо иқтидори 10 киловатт соат насб карда шуд,-мегӯяд Мирзорауф Ҳошимов.
Барои тасдиқи ин гуфтаҳо ба бомпӯши марказ ишора мекунад, ки панелҳои офтобӣ насб шудаанд ва аз офтоб энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза мегиранд. Дар як ҳуҷраи дигар бошад, батареяҳо ва дигар таҷҳизотҳои барқтавлидкунандаро нишон медиҳад, ки дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд ва бо қуттиҳои махсус ҳифз шудаанд.
-Имрӯз, ки мушкилоти норасоии нерӯи барқ саросари кишварро фаро гирифтааст, ин ташаббус, яъне насби панелҳои офтобӣ муҳимму саривақтӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки новобаста аз фасли сол ва вазъияти изтирорӣ, маркази саломатӣ бо нерӯи доимии барқ таъмин бошад ва ба аҳолии минтақа хизматрасонии тиббӣ расонад,-мегӯяд сардухтур ва ҳамзамон, ба дастандаркорони ин ташаббус изҳори сипос менамояд.
Дар ҳақиқат, кӯшишҳои Тоҷикистон барои гузаштан ба “иқтисоди сабз” назаррас аст ва ворид кардан ва насб намудани панелҳои офтобӣ, ки ба муҳити зист ягон зарари манфӣ намерасонанд, намунаи беҳтарини он мебошад. Таъкидҳои роҳбари давлат низ ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва истеҳсоли “нерӯи сабз” гувоҳи он аст, ки кишвари мо ҳамвора барои беҳтар сохтани муҳити зист ва ҳисса гузоштан дар сарсабзии сайёра қадамҳои устувор мениҳад.
Амони МУҲАММАД,
н.Бобоҷон Ғафуров



