
Суоли нахустинам ба олими маъруфи соҳаи тиб, доктори илм, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техника, Аълочии тандурустӣ ва Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунаввара Додхоева он буд, ки барои ба авҷи камолоту накўномӣ расидани фард чӣ ё кӣ метавонад наќши калидӣ бозад? Аслан, ин суол ишора ба худи ў буд, ки ҳама умри хеш сарфи рушди илми тиб ва таълиму тарбияи шогирдон намудааст. Ҷавоби мусоҳибам ба ин ва суолҳои минбаъда шакли ҳикояти ҷолиберо гирифт, ки лаҳзаҳои муҳиму мондагори рўзгорашро пеши назарам ҷилвагар месохт.
ФУРЎҒИ СУБҲИ ДОНОӢ
— Барои дар зиндагӣ ба мартабаҳои баланд расидани фарзанд нақши оила бузург аст. Вақте вай дар муҳити волоияти илму дониш, маърифату маданият калон мешавад, вақте вай дар симои падару модар беҳтарин намунаи ибратро мебинад, бо таъсиру талқини онҳо “фурӯғи субҳи доноӣ”- яш китоб ва роҳнамою роҳкушояш дониш мегардад,- нақлашро оғоз менамояд ӯ.
Ҳамин гуна як фазои матлубу гуворо дар хонаводаи мо ҳукмрон буд. Қиблагоҳам Файзулло Фаёзов Корманди шоистаи РСС Тоҷикистон ва Аълочии кинематографияи СССР буданд ва чанд муддат китобдориро низ ба ӯҳда доштанд. Падарамро одате буд, ки ҳар бегоҳ баъди кор ба хона бо чанд китобу газета меомаданд. Пас аз тановули хӯроки шом, агар ягон кор надошта бошанд, саргарми китоб ё газетахонӣ мешуданд. Воқеан, боигарии волидонам китоб, рӯзномаю маҷаллаҳо буданд ва ҳаваси молу мулки дунёӣ надоштанд. Онҳо моро ба хондани ин ё он китоб маҷбур намекарданд. Худ медидем, ки чӣ хел ба хондан шавқу ҳаваси беандоза доранд ва ҳамин муҳиту ибрат ба мо, фарзандон, номаълуму тадриҷан ончунон таъсир кард, ки байни худ ҳатто мусобиқаи тезхонию бисёрхонӣ мекардагӣ шудем.
Падар шефтаи адабиёти классикӣ буданду ҳар субҳ дар замини наздиҳавлигӣ дарахту гулу сабзаро нигоҳубин карда, бо оҳанги “шашмақом” аз ашъори шоирони классик суруд мехонданд. Овози хуб доштанд. Ҳамон солҳои мактабхонӣ ба мани хурдсол низ сурудхонияшон “сироят” намуду ба «шашмақом» меҳр мондам.
Модарам Онаой Норматова фаъолияти худро чун омӯзгор оғоз карда, тӯли умр ба шогирдон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сабақ доданд. Замоне раиси Шӯрои занони вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) буданд ва чун ба нафақа баромаданд, боз корро дар мактаб идома доданд.
Баъди ба Душанбе омаданамон то дами охирини ҳаёт дар мактаби миёнаи №33-и шаҳр аз таърих ва ҷамъиятшиносӣ дарс гуфтанд. Мо дар оила се фарзанд будем ману хоҳарам ва додарам. Ҳар боре дар хонаи яке ҷамъ меоем, аввал волидонро ёд ва дар ҳаққашон дуо мекунем. Баъд сар мешавад ба хотир овардани лаҳзаҳои аҷиби давраи кӯдакию мактабхонӣ. Додарам ба ман мегӯяд: «Апаҷон, оё ёд доред суханҳои модарро, ки ба шумо мегуфтанд: «Ту профессор мешавӣ!”…
Аҷиб, ки гуфтаашон шуд.
САЪДИНИСО ҲАКИМОВА ИДЕАЛИ МАН БУДАНД
— Сабаби табибшавии ман рӯзномаи он солҳо бисёр машҳури “Комсомоли Тоҷикистон” буд. Дар давраи мактабхонӣ рӯзе аз рӯи одат газетаҳоро аз назар гузаронда, дар ”Комсомоли Тоҷикистон” чашмам ба мақола дар бораи табиб Саъдиниссо Ҳакимова афтид. Хонда фаҳмидам, ки Ҳакимова нахустин зан — доктори илми тиб дар Тоҷикистон ва аввалу ягона узви вобастаи Академияи улуми тибби Иттиҳоди Шӯравӣ будаанд. Маҳз бо ибтикорва талошҳои пайгиронаашон дар Тоҷикистон мактаби акушерию гинекологӣ таъсис ёфта, тарзу усулҳои нави ҷарроҳӣ ва табобати амрози мухталифи занона ба роҳ монда мешудааст. Барои саҳми барҷаста дар рушди илму амалияи акушерию гинекологии ҷаҳонӣ номашон дар қомусҳои тиббии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Русия, Британияи Кабир, Ҳиндустон ва кишварҳои дигар сабт шудааст. Маро корномаи ин олими номӣ тасхир карду дар дил гуфтам, ки ҳатман мислашон духтур мешавам.
Соли 1964 баъди хатми мактаб бо розигии волидон ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино супурда, донишҷӯ шудам. Тақдири меҳрубон маро дар донишгоҳ бо шахси идеалам Саъдинисо Ҳакимова устоду шогирд кард. Баъди хатм, солҳои 1970-1972 дар таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ ба ҳайси духтури занона фаъолият намудам. Солҳои 1974-1977 дар аспирантура таҳсил карда, таҳти роҳбарии Саъдинисо Ҳафизовна рисолаи номзадӣ навиштам ва дар шаҳри Харкови кишвари Украина ҳимоя намудам.
Вақте барои дарс гуфтан ба аудитория медароям, аввал худро ба шогирдон муаррифӣ карда, аз фаъолияти то имрӯзаам дар соҳаи акушерию гинекология барояшон лаҳзаҳои ҷолиб нақл мекунам. Албатта, ба хотири таърифи худ не. Танҳо ба он хотир, ки шояд тавонам чун устоди зиндаёди худ Саъдинисо Ҳакимова идеали нафаре шаваму бо роҳи илм равад. Хушбахтона, бисёр шогирдонам имрӯз дар соҳаи гинекология олимону мутахассисони номдор шуданд, ки аз ин ифтихор дорам, — бо сарбаландӣ изҳор медорад ӯ.
“БА БЕМОР ХУНИ МАРО ГУЗАРОНЕД”
— Фарзанддору модар шудан барои ҳар зан қуллаи бахт аст, лекин ҳангоми таваллуд кардан зан дар моварои ҳаёту мамот қарор дорад, яъне ҷон ба хатар дорад. Албатта, солҳои охир соҳаи тиб хеле рушд намуд, аз ҷумла дар бахши гинекология. Ҳоло таҷҳизоте мавриди истифода мебошад, ки ибтидои солҳои 2000-ум ҳатто орзу карда наметавонистем. Бо вуҷуди ин, баъзан ҳолатҳое рўй медиҳанд, ки ҳангоми таваллуд вазъи модар ё тифли батн ниҳоят вазнин мегардад. Аз ҷумла, хунравии шадид рӯй медиҳад. Илоҷе карда, онро бояд фавран боздошт, бо ҷарроҳӣ ва баъд хунгузаронӣ. Ман хуни гурӯҳи якум дорам ва солҳои кор дар таваллудхонаи рақами 3 (ҳоло №1) вақти фавран даркор шудан чандин бор хун додаам. Шукр, ки баъди ин занҳо ва тифлаконашон аз марг наҷот ёфтанд.
УМРИ ДУБОРАИ КАФЕДРА
— Муддати 23 сол мудири кафедраи акушерӣ-гинекологии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯлӣ ибни Сино будам. Сарвариам ба солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Даврае, ки аксари мутахассисон тарки касб намуданд, ҳатто аз ҷумҳурӣ берун рафтанд. Дар натиҷа, кафедрае, ки дар донишгоҳ аз пурқувваттарин кафедраҳо бо мутахассисони соҳибтаҷрибаю донишмандаш буд, барҳам хӯрд.
Вақте соли 1993 мудирии кафедраро ба зиммаам гузоштанд, номзади илм будаму аз пайи таҳияи кори докторӣ. Ниҳоят, соли 1998 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар мавзӯи «Ҳолати сатҳи таваллуд дар замони даргириҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докториро дифоъ кардам. Дар ин давра мебоист мутахассисонро дар ин ҷода омода ва кафедраро барқарор менамудем. Баъди аз Русия баргаштан якбора чаҳор нафарро ба кори илмӣ ҷалб намудам. Сол ба сол теъдоди кормандон ва номзадҳои илм дар кафедра меафзуд. То кунун 35 шогирдам номзади илм мебошанд. Ҳар сол то панҷ нафарро барои таҳияи рисолаҳои илмӣ роҳбарӣ менамоям ва аксарашон аз пайи рисолаи докторӣ ҳастанд.
Албатта, барои равнақи илм, корҳои илмию тадқиқотӣ, беҳбуди таҳсили донишҷӯён фароҳам овардани шароити мусоид омили муҳим аст. Аз ин хотир, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ бинои кафедраро таъмиру тармим ва бо таҷҳизоти муосир таъмин кардем.
Имрӯз дар раванди фаъолияти кормандони кафедра мушкиле вуҷуд надорад ва ман аз шогирдону ҳамкорони ҷавонам танҳо сидқан талоши илм карданро интизорам…
РИСОЛАТИ АЗАЛӢ МУҚАДДАМТАР БОШАД
— Аслан, зиндагии зан сад мушкил дорад ва мегӯянд, ҳама «дард» болои сари зан аст, ки ҳақ асту рост. Вале зиндагии зане олим, бонуе, ки бо илм, таълим ва пажӯҳиш сару кор дорад, боз мушкилтар бошад. Зеро бароям рисолати азалии ҳамсари дӯстдору ғамхор, модари меҳрубону дилсӯз ва кадбонуи озодаю ҳунарманд будан муқаддамтар аст. Ба пиндорам, то кунун илми тиб ва илми рӯзгордорӣ, ки тавъам пешашон мебарам, аз ман шикояте надоранд (аз бозёфти ин ифодаи зебо дар чеҳраи мусоҳибам табассум гул мекунад – П.Ҷ.)
Шукри Парвардигор, ки оилаи хушбахте будем бо Саидбобо Додхоев (номзади илми тиб, аввалин нейрофизиолог дар ҷумҳурӣ). Ҳанӯз замони донишҷӯӣ тақдирамон ба ҳам пайваста буд. Сад афсӯс, ки умр вафо накарду шавҳарам дунёи фониро барвақт падруд гуфтанд. Меваи муҳаббату ҳаётамон Ҷамшед ва Парвина касби моро интихоб карданд. Ҷамшед духтури неонатолог, доктори илми тиб, профессори кафедраи бемориҳои кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино, Парвина акушер-гинеколог, номзади илми тиб мебошанд…
ҲУСНИ МАҚТАЪ
Дар ин ҷо Мунаввара Файзуллоевна лаб фурӯ баста, табассум намуданд. Яъне ҳарчи хостед, нақл кардам, боз савол доред? Ман дигар ташвиш додан нахостам, зеро дигар он кас бо хоксории ба худ хос ва зебанда аз фаъолиятҳои худ барои рушди гинекологияи тоҷик ҳарф заданӣ набуданд. Чун ҳусни мақтаи суҳбат худ чанд нуктаро зам мекунам.
Ба қалами Мунаввара Файзуллоевна, ки анқариб шаш даҳсола бо ҳалли масоили умдаи солимии репродуктивӣ ва солимии модар муваффақона машғуланд, беш аз 350 мақолаи илмӣ, 7 монография, зиёда аз 20 дастури таълимӣ тааллуқ дорад. Муаллиф ва мутарҷими “Луғати тиббии русӣ – тоҷикӣ — лотинӣ”, ҳаммуаллифи “Стандартҳои миллӣ дар ҷодаи ёрии тиббии таваллуд” мебошанд. Дастовардҳояшон бо медали “Хизмати шоиста” қадр шудаст. Барояшон саломатӣ ва комёбӣ мехоҳем!
Ид муборак, муаллимаи азиз!
Паймонаи ҶОВИДОН,
“Даво”


