
Равғани зайтун барои пӯст воситаи хубест. Истифодаи равғани тоза ба пӯсти хушк нармӣ ва ғизо дода, онро мустаҳкамтар ва нерўи муҳофизатиро барқарор мекунад.
Равғани зайтун маҳсулоти табиии растанигист, ки онро «моеи тиллоӣ» низ меноманд. Ин равған, албатта, дар пухтупаз истифодаи васеъ пайдо кардааст, аммо аз сабаби хосиятҳои аҷиби худ дар косметология низ чун ҷузъи асосии омодасозии кремҳо, ниқобҳо ва эмулсияҳо дохил карда шудааст.
Фоидаҳои равғани зайтун барои рӯй ва бадан, пеш аз ҳама, гуногунҷиҳат будани он мебошад. Барои ҳама намудҳои пӯст, аз ҷумла пӯсти равғанӣ он комилан мувофиқ аст. Махсусан, барои пӯсти калонсолон, ки ба хушкӣ моил аст ва онро барои мубориза бо ожангҳо истифода бурдан айни муддаост.
Таркиби аҷиб ва беназири он, ки аз витаминҳои А ва Е бой аст, пӯстро намнок намуда, ғизо медиҳад ва ба пиршавӣ монеъ мешавад. Кислотаҳои равғанӣ (олеин, палмитин, линоле) пӯстро чандир, ожангҳоро
ҳамвор намуда, витаминҳои К, D, В, антиоксидантҳо ва минералҳо (калтсий, калий, натрий, фосфор ва магний) ғизои пӯстро таъмин намуда, равандҳои метаболизмро барқарор мекунанд.
ЧӢ ГУНА ОН БА НАМУДҲОИ ГУНОГУНИ ПӮСТ ТАЪСИР МЕРАСОНАД?
Равғани зайтун барои пўсти муқаррарӣ ва равғанӣ ғизо медиҳад, ожангро бартараф намуда, аз пиршавии пӯст муҳофизат мекунад. Барои пешгирии пажмурда ва хушкшавии пўст кумак намуда, барои нигоҳ доштани чандирӣ мубориза мебарад.
Бояд қайд кард, ки ин «моеи тиллоӣ » метавонад дар шакли тоза истифода шавад. Хусусан, барои пӯсти хушки вобаста ба синну сол, ҳангоми гум кардани ожанг ва ҳамвор кардани онҳо дуруст хоҳад буд. Барои истифодаи равған дар шакли тоза бояд онро ба кафи дастатон молед, тӯли якчанд сония гарм кунед ва ба пӯсти тозашудаи рӯятон молида, пас аз 15 дақиқа шӯед. Барои истифода курси 12- рӯзаи табобат мувофиқ аст, — тавсия медиҳанд коршиносон.
НИҚОБ БО РАВҒАНИ ЗАЙТУН ВА ЛИМӮ
Як қошуқча равғани зайтун ва як қошуқча шарбати лимӯро бо ҳам омехта намуда, бо қабати тунук ба рӯйи худ молед ва аз атрофи чашм ва лабҳо канорагирӣ кунед. Вақти таъсир 10 дақиқа аст. Бо гузашти ин вақт омехтаро бо оби гарм бишӯед. Ба ҳеҷ ваҷҳ ин ниқобро пеш аз баромадан ба офтоб истифода набаред. Вақти хуб шом ва пеш аз хоб мебошад.



