
Аз ин дарди нохуш кадом гиёҳҳо раҳо мебахшанд
Дар ҷомеаи муосир бемории простатити музмин оммавӣ шуда истодааст. Ҳамчунин оризаҳо, аз қабили импотенсия ва безурётии экскреторӣ онро мушкили ҷиддии тиббӣ ва иҷтимоӣ кардаанд. Ба ин беморӣ то 80 дарсади мардони 18-80-сола мубтало мегарданд.
ДАРДЕ, КИ ХУШРЎЗИИ МАРДРО БАРҲАМ ЗАНАД
Ба инкишофи простатити музмин тарзи ҳаёти камҳаракат, шамолкашӣ, бемориҳои ҳамрадифи узвҳои ҳозима, асосан, қабзияти одатии рӯда, мусоидат менамоянд. Омилҳои заҳрогини берунӣ — сӯйиистеъмоли машрубот ва ғизои тунд низ нақши муайяни имрозӣ (патогенӣ) мебозанд.
Имрози простатити музмин ниҳоят мураккаб мебошад. Иштироки механизмҳои масъунӣ дар раванди касолатӣ далели муқарраркардашуда шуморида мешавад, ки аз он подтанҳои зиддибофтаӣ дар зардоби хуни беморон ва таҳшиншавии комплексҳои иммуноглобулинӣ дар бофтаи илтиҳобии ғадуди простата шаҳодат медиҳанд. Фаъолшавии механизмҳои илтиҳоби масъуниро дар простатити музмин вайроншавии муҳими системаи гемостаз ва микрогардиш ҳамроҳӣ менамояд.
Простатитҳо сироятӣ ва ғайрисироятӣ мешаванд, бо марҳилаҳои шадид ва музмин. Дар марҳилаи шадид намудҳои катаралӣ, фолликулярӣ ва паренхиматозиро фарқ мекунанд. Дар мавриди шакли катаралии беморӣ дар навбати аввал вайроншавии дизурӣ (асосан сӯзиш дар охири пешобкунӣ) мушоҳида мешавад, ҳиссиёти вазнин дар чатан нороҳат мекунад.
Илтиҳоби бардавом метавонад бо сахту дағалшавии бофтаи ғадуд анҷом биёбад. Простатити рукуткунанда (конгестивӣ) бо пурхунии шадиди простата ё атонияи (суст- шавии мушакҳои шошадон) он зоҳир мегардад.
Аломатҳои асосии простатити музмин: дардҳои паҳншавиаш хосу дараҷаи ифоданокиаш гуногун, вайроншавиҳои дизурӣ ва шаҳвонӣ мебошанд
ЧИЛБУҒУМИ САҲРОӢ БА ЁРӢ МЕОЯД
Асоси муолиҷаи простатити музмин нест намудани барангезандаи беморӣ, барқарорсозии ихроҷи мӯътадили тарашшӯҳ ва функсияи ғадуд мебошад. Ба ғайр аз антибиотикҳо простатити музминро бо гиёҳҳо муолиҷа кардан мумкин аст. Фитотерапия як қатор афзалиятҳои муҳимро дорост. Гиёҳҳои шифобахш, мувофиқи қоида ба беморон таҳаммулпазирии хуб дошта, таъсироти номатлуб надоранд ва онҳоро бардавом истифода бурдан мумкин аст. Гиёҳҳои шифобахшро дар шаклҳои дамоба, сибға, ҷӯшоба ё афшура ба намуди истеъмоли дарунӣ ё ба пешоброҳа ворид кардан, истифода мебаранд. Дар мавриди интихоби гиёҳҳои доругии таъсири зиддимикробӣ ва зиддивирусӣ қобилияти пурзӯрсозии равандҳои таҷдид (регенератсия) ва расонидани таъсири шошаронӣ ба назар гирифта мешавад.
Мӯҳлати муолиҷа одатан 2-3 моҳ идома меёбад ва дар мавриди зарурат ячанд маротиба такрор карда мешавад. Ҳамин тавр ба беморон маҷмўи зерини гиёҳҳоро таъйин намудан мумкин аст: 2 ҳисса решаи сунбул (валериана), решаи ширинбияи луч (солодка голая) ва чилбуғуми саҳроӣ (хвощ полевой), 3 ҳисса решаи зардчойи баргғафс (корневище бадана толстолистного), чойкаҳаки сӯрохшуда (зверобой продырявленный) ва барги тӯси овезон (берёза повислая), 4 ҳисса газнаи духонадор (крапива двудомная). 1 қошуқча омехтаи гиёҳҳоро бо 250 мл ба оби ҷӯш рехта, 30 дақиқа нигоҳ медоранд, баъдан полида, нимистаконӣ рӯзе 2 маротиба як соат пеш аз ғизо менӯшанд.
Ба камшавии дард дамобаи ҷамилак (зизифора), ниёзбӯ (мелисса) ва газнаи сагак (пустырник туркестанский) мусоидат менамоянд. Барои муътадил фаъолият намудани ғадудҳои таносулӣ аз сабур (алоэ древовидное), тӯс (берёза), хушкалафи ботлоқӣ (сушеница болотная), сагакхор (череда трехраздельная) ва раҳдавак (горец птичий) истифода мебаранд.
Дар ҳолати норасоии витамини Е, ки ба простатити музмин хос аст, ба хӯришҳо илова намудани равғанҳои ҷуворимакка, лӯбиё, зайтун ё офтобпараст, ҳамчунин равғани тухми каду судбахш мебошад.
Ҷаҳонгир Нодиров,
сардори шӯъбаи илми
Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент



