• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Тамоку ба занон зарар дорад

от user
в Бемориҳои занона, Модару кӯдак
0

Олимон дар он ақидаанд, ки агар инсон бо риояи талаботҳои тарзи ҳаёти солим зиндагӣ ва фаъолият намояд умри инсон бояд аз 130 то 150 сол бошад. Имрӯз шахсонеро дидан мумкин аст, ки зиёда аз 80, 90, 100 сол умр доранд ва дар зиндагӣ фаъол буда, аз умри бобаракати худ қаноатманданд. Сири асоси дарозумрии ин инсонҳо аз он ибрат аст, ки одатҳои номатлуб, ки метавонад ба солимии инсон зарар оварад худдорӣ намудаанд.

Истифодаи тамоку яке аз одатҳои зиёновари паҳнгашта ба ҳисоб рафта, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад.

Заҳри никотин, ки дар таркиби тамоку мавҷуд аст, баъд аз 8, 10, 12 сонияи истеъмол ба мағзи сар таъсир мерасонад, ки дар натиҷа дар оянда ҳамчун одат ба ин пайдо мегардад.

Дар ҳолати ба хун ворид гаштани никотин, дар организм вобастагӣ пайдо мешавад, зеро миқдори муайяни никотинро талаб мекунад.

Никотин ҳамчун заҳр ба мағзи сар ва ба тамоми системаи асаб таъсири манфӣ расонида, дар натиҷа фишори хун баланд гашта, рагҳои хурди хунгард борик гашта, тез — тез нафас гирифтан ва миқдори бисёри ҷудошавии секретсияи меъда ба амал меояд.

Тамокукашӣ яке аз падидаҳои номатлуб буда, тибқи омор сафи нафароне, ки ба ин амал даст мезананд, рӯз аз рӯз афзудан дорад ва мутаассифона, бонувон ва занону духтарони ҷавон низ дар ин шуморанд.

Тамокукашӣ занҳоро пеш аз муҳлат пир намуда, ҳангоми ҳомиладор буданашон ба ҳар гуна нохушӣ оварда мерасонад. Мувофиқи маълумоти омори байналхалқӣ кӯдакони занҳои тамокукаш нисбат ба кӯдакони занҳои тамокунамекашидагӣ 70% бештар мефавтанд.

Яке аз сабабҳои даст задан ба тамокукашӣ миёни баъзе аз бонувон ва занон тақлидҳои кӯр — кӯрона ба фарҳанги бегона (аз рӯи ҳавову ҳавас), баъдан, ба гуфтае дар ҳолати асабонияту рӯҳафтодагӣ ва ноумед гаштан аз рӯзгори носозгор мебошад. Ин ҳолатҳои психологиро нафаре ба осонӣ бартараф месозад, ки иродаи қавӣ дорад.

Никотини дар таркиби тамокубуда зани сигоркашро ба бемориҳои узвҳои ҷинсӣ мувоҷеҳ месозад ва эҳтимолияти безурётшавӣ ё таваллуд наёфтани писарро ба миён меорад. Аз тадқиқоти коршиносон, ки миёни 10 ҳазор зани ҳомиладори сигоркаш гузаронданд, маълум гашт, ки 90 фисади онҳо духтар таваллуд намудаанд. Бо паст шудани қобилияти масунияти бадан хатари мубталошавӣ ба маризиҳои роҳҳои нафас, саратон, фишорбаландӣ, сактаи дил, захмҳои рӯдаю меъда шахси тамокукашро таҳдид мекунад. Ҳамчунин, дар буняи зани сигоркаш резиши мӯй, пукшавии устухон, устухондард, пайдоиши бармаҳали ожангҳо дар дасту рӯй бештар мушоҳида мегарданд.

Дар дуди тамоку ба ғайр аз заҳри никотин дигар намуди заҳрҳо ва кислотаҳои зараровар мавҷуданд. Дуди тамокуро, ки шахси тамокукаш аз худ берун мекунад дар таркибаш низ ҳамин гуна заҳрҳо ва кислотаҳоро дорад.

Аз ҳамин хотир дуди тамокуи ба муҳит паҳнгашта ба шахсони гирду атроф, дар ҳуҷра ё дар бино буда ҳам таъсири манфӣ мерасонад.

Аз таъсири дуди тамоку зиёдтар зиён дидани атрофиён, бахусус занҳои ҳомила ва кӯдаконро олимон исбот намуданд, ки 60 фоизи марги тифлон ба таъсир ёфтан аз дуди сигор дар батни модар рабт дорад. Зане, ки чор моҳи аввали ҳомиладорӣ аз дуди сигор нафас мегирад, нишонаҳои камақлӣ дар кӯдаки батнаш пайдо шуда, баъдан ҳатто таъсири манфии он ба узвҳои дохилии тифл, эҳтимолияти часпидани узвҳо ва ғайра ба вуҷуд меояд.

Дуди тамоку ба кӯдакон, наврасон ва занҳои ҳомила хатари бештар дорад.

Тамокукашӣ имконияти ҷисмонии одамро хеле маҳдуд менамояд. Никотин қувваи ҷисмонӣ ва эҳсоси мушакҳоро суст гардонида, мувозинати ҳаракат, суръат ва хусусан тобовариро ба ҳолати бад гирифтор месозад.

Истеъмоли тамоку дар шакли сигор ҳар сол дар тамоми мамлакатҳои дунё ҳазорҳо одамонро ба ҳалокат мерасонад. Мубориза бар зидди он мушкилоти иҷтимоӣ гардидааст. Табибон ва арбобони ҷамъиятии бисёр мамлакатҳо дар муборизаи зидди сигоркашӣ якҷоя амал мекунанд.

Мубориза бар зиддӣ тамокукашӣ яке аз вазифаҳои муҳими замони муосир ба шумор меравад, ки ба он Ташкилоти умумиҷаҳонии нигоҳдории тандурустии назди Созмони Милали Муттаҳид назорат менамояд. Вобаста ба ин дар як қатор мамлакатҳо сигоркашӣ дар байни ҷавонон кам шудааст. Зарур аст, ки имрӯз мо аҳли ҷомеа нисбати ин масъалаи мубрами рӯз бе тараф набошем. Мо боварӣ дорем, ки ақли солим рӯзе боло гирифта, аксар одамон аз ин одати бад қатъиян даст мекашанд. Чунки саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст.

Шервони УМРИДДИН

“Даво”

Мақолаи гузашта

Ҳар 10 сония аз диабет 66 нафар нобино мегардад

Мақолаи навбатӣ

Саломатии мо дар дасти кист?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Саломатии мо дар дасти кист?

Саломатии мо дар дасти кист?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Ҷигар ва бемориҳои он

Ҷигар ва бемориҳои он

10.03.2026
Ревоҷ-давои сад дард

Ревоҷ-давои сад дард

09.03.2026
Аз неъматҳои баҳорӣ лаззат баред!

Аз неъматҳои баҳорӣ лаззат баред!

06.03.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ