Дар як рўз то 4 маротиба, ду намуд ғизои асосӣ ва ду намуд хўриш (салат) бояд ба кўдакон дода шавад. Аз ним пиёла оғоз кунед ва оҳиста -оҳиста то ним коса расонед. Шавлаи ба қадре ғафс ё пюре, хўроки бо даст хўрдашаванда ё резакардашуда низ бояд ба ратсиони кўдак илова карда шавад.
Дар ин синну сол метавонед ғизо аз донагиҳои наврасида, лўбиёи сафед ва мош омода кунед. Додани ғизо аз маҳсулоти чорво, гўшт, гўшти мурғ ва моҳӣ ҳатмӣ мебошад. Синамакониро бошад, аз рўи хоҳиши кўдак мунтазам идома диҳед.
Моши латзада бо сабзӣ, каду ё лўбиёи сафеди маҳаллӣ
Тарзи тайёр намудан:
- Мошро тоза карда, нағз шўед.
- Дар об як соат тар карда монед, то ки пўсташ мулоим шавад.
- Моши таршударо ба зарф (кострюл)-и обдор андозед.
- Ба он чоряк ҳиссаи пиёзро илова кунед ва 20 дақиқа ҷўшонед.
- Баъдан сабзии резакардашударо илова намоед.
- Сарпўши зарфро маҳкам карда, дар оташи паст 15 дақиқаи дигар дампаз кунед.
- Миқдори обро назорат карда истед, агар лозим шавад, об илова кунед.
- Мулоим шудани мош ва сабзиро бо қошуқча санҷида бинед, моши омодашуда бояд осон лат зада шавад.
- Дар зарфи алоҳида (сковородка) як қошуқ равған андохта, боқимондаи пиёз, помидори латзада ва кабудиро андозед.
- Дар оташи паст то соус шуданаш дампаз кунед.
- Ба мош ва сабзӣ соусро илова карда, омехта кунед ва хуб лат занед.
Хўроки омодашударо дар ҳолати муътадил, то ним пиёла ба кўдакатон хўронед.
Ба ҷои сабзӣ метавонед каду истифода баред ва ба ҷои мош бошад, лўбиёи сафеди маҳаллӣ истифода баред.
Гўшти қимаи дампаз бо сабзӣ ва биринҷ
Тарзи омода намудан:
- Сабзавотҳоро тоза шус- та, мувофиқи табъатон реза кунед.
- Зарф (сковородка) -ро гарм карда, равған андозед.
- Вақте ки равған гарм шуд, ба он пиёзи резакардашударо илова намуда, 10 сония бирён кунеду омехта карда истед.
- Қимаи гўштро илова намуда, то ҷигарӣ шудани рангаш омехта карда истед.
- Помидор ва сабзиро илова карда, сарпўши зарфро пўшонед.
- Дар оташи паст 20 дақиқа дампаз намоед.
- То он даме ки ғизо дампаз шуда меистад, биринҷро ҷўшонед.
- Биринҷро тоза шуста, ба зарф оби гарм ва 1 қошуқча равған андозед.
- Дар оташи паст 10 дақиқа ҷўшонед, миқдори обро назорат карда истед.
- Биринҷро бо қошуқ санҷида бинед, биринҷ бояд чунон пазад, ки лат заданаш осон бошад.
- Ду қошуқ биринҷи ҷўшонидашудаи латзадаро бо гўшти қимаи дампазшудаистода андозед ва нағз омехта кунед.
Ба ҷои биринҷ метавонед марҷумак, наск, картошкаи кўфташуда, картошкаи ширин (батат) ва ҷав истифода кунед. Ба ҷои гўшт бошад, метавонед лўбиёгиҳои наврасидаро истифода баред.
Котлет бо гўшти гов
Тарзи тайёр намудан
- Нонро дар шир тар кунед.
- Гўштро аз гўштқимакунак гузаронед.
- Нони дар шир таршударо низ аз гўштқимакунак гузаронед.
- Ба маҳсулоти омодашуда шир, маска ва кабудӣ илова карда, ҳамаашро омехта кунед.
5 . Котлетҳои хурдтайёр кунед.
- Котлетҳоро ба табақчаи равғанкардашудаи зарфи мантупазӣ 25 дақиқа дар буғ пазед.
Котлетҳои омодашударо бо соуси помидорӣ, биринҷ ё марҷумаки ҷўшонидашуда метавонед ба кўдак 1-2 дона хўронед. Котлетҳои омодашударо ба дигар аъзоёни оилаатон бо соуси помидор ва макарон, лўбиё, марҷумак ё биринҷи ҷўшонидашуда, картошкабирён ё картошкаи ширин метавонед пешниҳод кунед.
Котлет бо гўшти мурғ
Тарзи омода намудан
- Нонро дар шир тар карда монед.
- Гўшт, кабудӣ ва нони дар шир таркардаро аз гўштқимакунак гузаронед.
- Тухмро бо қимаи гўшт илова карда, омехта кунед.
- Котлетҳои баробарҳаҷм тайёр кунед.
- Котлетҳоро ба табақчаи равғанкардашудаи зарфи мантупазӣ 15-20 дақиқа дар буғ пазед. Котлетҳоро кўфта, бо соуси помидорӣ, макарони ҷўшонидашуда ё латзада пюре тайёр намуда, ба кўдак хўронед.



